Муовини ҳокими вилояти Фарғона Хуршедҷон Аҳмедов аз сафари кишвари офтоббаро ва ҳамкори наздики Ӯзбекистон-Ҷопон баргашт. Вай зимни суҳбати ихтисосӣ бо мухбири “Овози тоҷик” ин сафарро хеле бобарор арзёбӣ намуд.
- Нахуст дар ҷашнвораи «Japan World’s Tourism Film Festival 2025» бо як филми худ ширкат намудем ва Ӯзбекистони Навро муаррифӣ кардем. Дар ин ҷашнвора аз чандин кишвар 1 ҳазору 132 навор ширкат варзид, ки рушди сайёҳии ҳамон мамлакатро ба маърази тамошо гузошт. Аммо танҳо 60-тои ин филмҳо ба даври ниҳоии ҷашнвора роҳ ёфт. Хушбахтона, навори видеоии мо яке аз ин филмҳоро ташкил дод, - изҳор кард Хуршеҷдон Аҳмедов.
Вай афзуд, ки ҳайати махсуси доварон дар интиҳои ҷашнвора ғолибонро эълон кард. Дар байни ғолибон номи вилояти Фарғона низ вирди замбон гардид, ки моро хеле сарфароз намуд.
- Ин дастоварди муҳимро барои тамоми мардуми вилояти Фарғона муборакбод мегӯям. Наворе, ки мо ба маърази тамошо гузоштем, аз тарафи доварон ва тамошобинони зиёди ҷашнвора хеле хуш истиқбол гирифта шуд,-мегӯяд бо хушҳолӣ Хуршедҷон Аҳмедов.
Вай тазаккур дод, ки сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари Ҷопон, зодаи шаҳристони Риштони бостонӣ Мӯҳсинхӯҷа Абдураҳмонов барои муваффақона муаррифӣ намудани салоҳияти сайёҳии вилояти Фарғона аз наздик ҳамкорӣ намуд. Маҳз бо мусоидати ин дипломати пурдону пуркор масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
- Бояд ёдовар шуд, ки кулолони риштонӣ бо маҳсулоти сафолин дар байни мардуми як қатор минтақаҳои Ҷопон шинохта шудаанд ва ин лоиқи таҳсин мебошад. Аз ҷумла, дурахши зарфҳои сафолини бародарон Алишер ва Бахтиёр Назировҳо таваҷҷӯҳи мардуми зиёдро ба худ кашидаву гӯшаи хонаҳои сокинони онро ҷилову зиннат бахшидааст,-изҳор намуд Хуршедҷон Аҳмедов.
Вай илова кард, ки онҳо ҳарчи беҳтару бештар ба тарғиби маҳсулоти кулолгарони риштонӣ дар бозори Ҷопон муваффақ шудаанд, инчунин имкониятҳои сайёҳии вилоятро дар байни мардуми он тарғиб кардаанд.
Дар идомаи суҳбат Хуршедҷон Аҳмедов ба зарурати такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои сайёҳии Ӯзбекистону Ҷопон таваққуф намуд. Вай аз ҷумла қайд кард, ки табодули таҷрибаи байни донишҷӯёни ду кишвари дӯст хеле ба мақсад мувофиқ мебошад. Ба гуфтаи мавсуф дар ин самт як қатор дидору мулоотҳо анҷом дода шуданд, ки натиҷаи хуб ба бор хоҳанд овард.
Қарор аст, ки як гурӯҳ ҳунармандони ин кишвари офтоббаро дар Ҷашнвораи сеюми байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд бо маҳсулоти худ ширкат мекунанд ва ин ба асоси тавофуқоте ба вуқӯъ хоҳад пайваст, ки дар ҷараёни сафар ба даст омадааст.
- Ҳамкориҳо бо Ҷопон натанҳо дӯстии мардуми ду кишварро таҳким хоҳанд бахшид, балки дар рушди равобити фарҳангиву иқтисодии Ҷопон бо вилояти Фарғонаи моро ҳамун омили муҳим хидмат хоҳанд кард,-гуфт Хуршедҷон Аҳмедов.
Ҳамсуҳбати мо зимнан қайд намуд, ки дар шаҳри Осакаи Ҷопон бо Нориюки Секи ном соҳибкори хеле варзида дидору мулоқот кард. Маълум шуд, ки ин соҳибкори бузургу муваффақи ҷопонӣ дар ихтиёри худ беш аз 60 меҳмонхона, 10 тарабхона ва чандин қаҳвахонаву бар низ дорад.
- Муҳимтар аз ҳама, вай ба маҳсулоти хушсифати вилояти мо мароқи калон зоҳир намуд.
Баъд ба тавофуқ расидем, ки шабакаҳои меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои ӯро бо маҳсулоти нассоҷӣ ва меваҳои хушки босифат таъмин мекунем. Бе муҳобот, ин шарикӣ дар рушди робитаҳои иқтисодӣ низ омили муҳим мебошад ва имкон фароҳам меоавард, ки бо интиқоли маҳсулоти нассоҷӣ ва меваҳои хушки коркардшуда дар афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти вилоят ва даромади зиёди молӣ заминаи мусоид фароҳам оварем,-иброз дошт муовини ҳокими вилоят.
Гуфта мешавад, ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо бар асоси дастури Президенти мамлакат сурат мегиранд. Зеро сарвари давлат ҳамеша аз мақомоти соири вилоятҳои ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки мустақилона домани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун бо мамолики хориҷиро густариш диҳанд ва ба ҷалби ҳарчи бештари сармоҳо, сайёҳони хориҷӣ муваффақ шаванд. Хуршедон Аҳмедов мегӯяд, ин дастури Президенти мамлакат роҳнамои ба роҳ мондани ҷамъи ҳамкориҳои мост, ки дар фаровонии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муассир хоҳанд бозида.
- Натиҷаи ин ҳамкориҳо дар ояндаи наздик самараи худро хоҳанд дод ва барои болоравии иқтисодиёти вилоят ҳиссаи арзанда хоҳанд гузошт,-гуфт дар ниҳояти суҳбат муовини ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмедов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.