САЙРИ «ГУЛИ СУРХ»: НАЗАРЕ БА ТАЪРИХ

Сайри гули сурх, сайри лола, иди лола яке аз бузургтарин иди мардумӣ мебошад, ки баъди ҷашни Наврӯз доир мегашт.

Аз ин ҳазор сол муқаддам достонсарои беҳамто Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ иншо карда буд, ки баъди аз тарафи Афросиёб ноҷавонмардона кушта шудани Сиёвуш, дере нагузашта дар ҷое, ки хуни ӯ рехта буд, гиёҳи сурхе мерӯяд. Мардум ин гиёҳро ба хотираи подшоҳи ҷавонмарг «он хуни Сиёвуш аст” мегӯянд ва ҳар сол ҳангоми сабзидани ин гул бо мақсади пос доштани хотираи шоҳ бо номи «Сайри гули сурх» ҷашн меороянд. 

Дар ин бора Муҳаммади Наршахӣ низ дар «Таърихи Бухоро» ривоят кардааст, ки тибқи он сокинони Бухоро аз аҳди бостон то асри IX ҳангоми баргузории Наврӯз дар назди оромгоҳи Сиёвуш хурӯс кушта, ниёиш карда, таронаҳои сӯгворӣ мехонданд.

Умуман, дар фасли баҳор ҳангоми шукуфтани гулҳои гуногун, махсусан гули сурх — лола, аз рӯи биниш ва фаҳмиши мардум сайру гашт намудан, лола чидан ва баъзе маросим ва шодмониҳо созмон додан ба андешаи орифонае марбут мебошад, ки ба фано ва эҳёи табиат алоқаманд аст.

Ҷашни «Гули сурх», асосан, ҷанбаи маърифативу фарҳангӣ дошт. Шоирону нависандагон, ромишгарон, донишмандон ва мударрисон бо ҳам омада, шеърҳои баҳория мехонданд. Дар ҷашни «Гули сурх» ва ба муносибати фарорасии Наврӯз мардуми Бухоро ва гирду атрофи он дар давоми як моҳ шодмонӣ мекарданд.

Дар Бухоро ҷашни «Гули сурх» то солҳои 30-юми асри ХХ идома ёфтааст. Бори охир соли 1929 дар деҳаи Чорбоғи Оим, ки аз шаҳраки харобаи Қӯрғони Вардонзе дар масофаи чор километр ҷойгир аст, ҷашн гирифта шудааст. Дар ин ҷо баъд аз зимистони тӯлонӣ аҳли ҳарами амир омада, чанд рӯз фароғат мекунанд ва ин ҷашн дар ҳузури онҳо баргузор мегардад. Дар замони шӯравӣ дарахтони ин боғро решакан карданд. Ҳатто номи деҳаро иваз намуда, “Сабзикор” гузоштанд.

Бояд гуфт, ки дар ин ҷашнвора занҳову мардон ҷудогона иштирок мекардаанд. Аз мардон касе ҳуқуқ надоштааст, ки базми бонувонро халалдор намояд. Агар чунин ҳолат рӯй диҳад, вайронкорро дар пеши назари мардум ҳатман ҷазо медоданд.

Дар нимаи дувуми рӯз духтарон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба хонадонҳое мерафтаанд, ки арӯси нав доштанд. Бино ба нақли бибиҷонам Латофат ҳамон рӯз наварӯсон хонаҳои худро бо ашёе, ки маҳсули дасти худашон аст, оро медодаанд. Ҳар як арӯс мебоист меҳмонони нохондаро бо ғӯлингоб меҳмон кунад. Баъд яке тарона мехондааст, дигаре мерақсидааст, боз яке шеър қироат мекардааст.

Хулоса, шодиву хурсандиҳо то дер идома меёфтааст. Ҳунармандон ба Сайри гули сурх ҳамаҷониба омодагӣ медидаанд. Қаннодон ҳалвоҳои гуногун, нишаллою дигар шириниҳо мепухтаанд, дуредгарон бозичаҳои чӯбин месохтаанд, пазандагон таомҳои ҳархела – аз сихкабоб то балазанахӯду шӯрбои хосаи вардонзегиро, ки ҳоло низ дар Шофиркон машҳур аст, тайёр мекардаанд. Инчунин ба ду тақсим шуда, бузкашӣ, гӯштингирӣ, тарфандозӣ, бандкашӣ менамудаанд.

Ба андешаи муҳаққиқони мардумшинос ҷашни «Гули сурх» ё «Сайри лола» дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ гузаронида шуда, бо зиёрати мазорҳои бузургворон алоқаманд мебошад. Ҳамин гуна ҷашнро мардумшиносон дар байни тоҷикони Самарқанд, Бойсун низ мушоҳида кардаанд. Дар Бойсун мазори «Гули сурх» мавҷуд буда, авлоди хоҷаҳои гулисурхӣ зиндагӣ мекардаанд. Ҷашн дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз сурат гирифта, сайругашти оммавӣ барпо мешудааст.

Ҷашни «Гули сурх» ҳоло бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш танҳо дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон боқӣ мондааст, ки «Ҷандаболо» ном дорад. Дар он ҷо «Гули сурх»-ро дар арафаи Наврӯз ба хотири ёдбуду гиромидошти Ҳазрати Алӣ таҷлил мекунанд.

Алимурод ТЕМИРОВ, вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: