Барои варзикиён иди Наврӯзи бо хайру баракат омад. Бо саъю кӯшиши зиёд аҳли деҳаи Варзик дар ду лоиҳаи «Оpenbudget» – сохтмони иншооти варзишӣ ва таҷдиди роҳҳои пиёдагарди деҳа ғолиб дониста шуданд.
Дар асоси ин дар мактаби миёнаи рақами 58-ум бо маблағи 1,5 миллиард сӯм бунёди майдони резинфарши варзишӣ, гирдаш иҳота ва болопӯшидаи андозааш 44 х 23 метр, инчунин «workout» барои омӯзиши бозиҳои волейбол, баскетбол ва бадминтон, нишастгоҳи дуҷонибаи тамошобинон, хонаҳои шустушӯй ва либоспӯшӣ, аз ҷумла, майдонҳои футбол, волейбол ва тӯби дастиро дубора таъмир кардан, бо маблағи боқимонда бошад, ивазкунии дару тирезаҳои биноҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд.
Аз рӯйи лоиҳаи дуюм бо сарфи маблағи 1 499 780 ҳазор сӯм ду роҳи асосии пиёдагарди дунимкилометраи деҳа аз нав таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.