РӮЗИ ТАҶЛИЛИ ИДИ РАМАЗОН ЭЪЛОН ШУД

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таҷлили иди Рамазон” имзо гардид.

Мувофиқи қарор бо дарназардошти ахбороти Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, ки рӯзи аввали ҷашни Иди Рамазон ба  30 март (якшанбе) рост меояд, 30 марти соли 2025 дар кишвари мо ҳамчун Иди Рамазон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. 

Ба далели он ки рӯзи аввали иди Рамазон дар соли 2025 ба рӯзи якшанбе рост меояд, ин рӯзи истироҳат ба рӯзи душанбе, 31 март гузаронида мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: