Мардум беҳуда «одаму либос – хонаву палос» намегӯянд. Дар ҳақиқат ҳар гуна иморат, манзил, хонаи нав баъди густурда шудани палос ба ҷои зист табдил меёбад.
Ҳамин гуна либоси муносиби зебо ба ҳусни инсон ҳусн зам мекунад. Дар рӯйи замин қавму миллатҳои гуногун умр ба сар бурда, бо забон, урфу одат, дину мазҳаб, расму оин аз ҳам фарқ мекунанд, тарзи либоспӯшии онҳо низ аз ҳамдигар тафовут дорад. Тавре намояндагони қавми арабро аз пӯшоку сарбанд, қафқозиёнро аз попохи сар, ханҷари дар камар овезонашон шиносанд, тоқию ҷома махсуси халқҳои тоҷику ӯзбек аст. Мардуми мо аз қадимулайём вобаста ба давру замон, фаслҳои сол ва синну сол либосҳои гуногун мепӯшиданду мепӯшанд. Албатта, либосҳои минтақаю вилоятҳо низ то андозае фарқият доранд. Табиист, ки аломат, фазилат, характер хусусиятҳои ба худ хоси ин ё он қавм ё шахс дар тарзи либоспӯшии онҳо зоҳир мегардад. Одамони рӯзгордида, калонсол ба либоспӯшии ҳар як инсон зеҳн монда, аллакай дар бораи хулқу атвори ӯ баҳо медиҳанд. Ҳарчанд ки либосҳои бухороиён бо пӯшоки минтақаҳои дигари гирду атроф умумияте доранд, байни онҳо вижагиҳо низ ба чашм мерасанд. Бо вуҷуди он ки дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аксар ҷомаю тоқӣ мепӯшанд, дар услуб, ранг, гул, матоъ, шакл ва намудҳои онҳо то андозае тафовут ба чашм мерасанд. Мо медонем, ки либосҳои анъанавии ҳудудҳоро, пеш аз ҳама, санъаткорон намоиш медиҳанд. Ба либосҳои зардӯзии онҳо нигариста, хурду калон медонанд, ки кадоми эшон бухороию кадомашон хоразмианд. Одатан дар ҳамаи ҳудудҳо либосҳо хонагӣ, корӣ, ҷойравӣ ва азоӣ (барои маросими таъзия) мешаванд. Албатта, дар идҳо тӯю маъракаҳо, сафарҳо либосҳои нав ё ки беҳтарини худро пӯшидани мардум анъанаи дерина аст. Мо хостем дар бораи баъзе либосҳои ҳудудамон маълумоти умумӣ диҳем.
Мардуми Бухоро аз қадим ба либосу тарзи либоспӯшӣ эътибори алоҳида медиҳанд. Шояд аз ин сабаб бошад, матои асил ва пурқимати қадимии асилзодагон – занданеча, ки дар деҳаи Занданеи музофоти Вардонзеи бостонӣ истеҳсол мегардид, дар бозори чандин мавзеъ машҳур будааст. То ҳол дар Бухоро намуди либосҳои қадима мавҷуданд, ки танҳо дар ҷашнҳои миллӣ ё маъракаҳои маҳаллӣ истифода мешаванд, аз ҷумла, култапӯшак либоси сар барои занон буда, ҳоло дар маросими «саллабандон» ба арӯсоне, ки ба бахти модарӣ расидаанд, пӯшонида мешавад. Қисми тоқии он мудаввар буда, атрофаш бо зеҳҳои дастидӯз ороиш дода мешавад. Қафои култапӯшак ба остин шабеҳ буду аз даруни он мӯйҳои майдабофта гузаронида мешуд. Култапӯшакро, ки дар манбаъҳо ба шакли пурра — кулутапӯшак омадааст, аз матоъҳои шоҳӣ, алмос, адрас омода мекарданд.
Тахтабаргак, ки имрӯз низ дар бозорҳои Бухоро фурӯхта мешавад, як намуди ҷамолак буда, ба мӯйҳои майдабофии арӯсон пайваста мешуд. Ҳоло дар ҷашни Наврӯз духтаракон куртаҳои атлас пӯшида, мӯйҳоро майда бофта, ба он тахтабаргак медӯзанд. Баъзан ба ҷойи тахтабаргак аз ҷамолак низ истифода мебаранд.
Дар қадим бонувони бухороӣ куртаеро аз матои суф ё якранг ба бар мекарданд, ки нӯги остин, бари домон ва гиребони онҳо кашидадӯзӣ мешуд. Ин намуди курта ҳоло бо номи куртаи чакан дар Тоҷикистон, бештар дар Кӯлоб, Ғарм ниҳоят машҳур аст. Якчанд намудҳои курта, тоқӣ, сумкаҳои гулдӯзӣ, ки ба либоси чакан монандӣ доранд, дар Бухоро низ машҳуранд.
Дар Бухоро тоқӣ ва хилъати зардӯзӣ маъмул аст. Тоқиҳо бо ду намуд: зардӯзӣ ва заминдӯзӣ тайёр карда мешаванд. Чунин тоқӣ ва халатҳои зардӯзиро духтарон дар ҷашни Наврӯз, арӯсон бошанд, дар маросимҳои «келинсалом»-у «келинталбон» мепӯшанд.
Роҳат Қодирова,
муаллимаи нафақахӯр аз деҳаи Қӯрғони Вардонзеи ноҳияи Шофиркон.