Омӯзиши забон дар кӯдакӣ осон ва самараноктар аст. Кӯдакон дар ин синну сол забонро зудтар ва беҳтар ёд мегиранд.
Дар кишварамон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ имкониятҳо муҳайё аст. Беҳуда “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” нагуфтаанд, зеро омӯзиши забони хориҷӣ дар мактаб ва донишгоҳҳо меъёри асосӣ буда, донистани он ба имкониятҳои ояндаи фарзандон хеле муфид мебошад. Албатта пеш аз он ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоем, набояд фаромӯш кард, ки:
Ҳар кӣ ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осонаш гардад.
Дар омӯзиши забони хориҷӣ, пеш аз ҳама, ба омӯзиши хуби забони модарӣ таваҷҷуҳ дода мешавад. Баъзе оилаҳо ба фарзандони синни томактабӣ омӯзонидани забони англисиро афзал мешуморанд.
Омӯзиши забон дар кӯдакӣ осон ва самараноктар аст. Кӯдакон дар ин синну сол забонро зудтар ва беҳтар ёд мегиранд. Омӯзиши забони нав қобилияти фикрронӣ, эҷодкорӣ ва хотираро тақвият медиҳад. Бо ин сабабҳо, агар кӯдакон ба омӯзиши забони хориҷӣ дуруст ва саривақт ҷалб шаванд, онҳо дар таҳсил ва ҳаёти ояндаи худ бартариҳои зиёде ба даст меоранд.
Яъне, агар кӯдак аз синни томактабӣ ба муҳити забони хориҷӣ ворид шавад, ӯ метавонад онро мисли забони модарии худ азхуд кунад.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки омӯзиши забони хориҷӣ на дертар аз 10-солагӣ оғоз шавад, зеро баъдтар дарк ва омӯхтани он мушкилтар мегардад.
Шумораи калимаҳое, ки онҳо бояд азхуд кунанд, ба марҳилаи рушд ва муҳити таълимии онҳо вобаста аст. Бо вуҷуди ин, бар асоси тадқиқот ва таҷрибаҳои омӯзишӣ, барои кӯдакон дар ҳар як марҳилаи синну сол шумораи калимаҳое, ки азхуд кардан лозим аст, чунин аст:
дар 3-4 солагӣ кӯдакон метавонанд тақрибан 50-100 калимаи забони хориҷиро тавассути расм, ашёҳо азхуд кунанд. Дар ин синну сол, муҳим аст, ки кӯдакон калимаҳоро аз тариқи бозӣ ва бо кумаки волидайн ё омӯзгорон омӯзанд;
дар синни 5-6 солагӣ кӯдакон метавонанд 200-300 калимаи асосии забонро омӯзанд, ки одатан он калимаҳое, ки бо муҳити рӯзмарра (масалан, расмҳо, номҳои аъзои оила, ранг ва ҳайвонот) иртибот доранд;
дар синни 7-8 солагӣ кӯдакон метавонанд 500-600 калимаро азхуд намоянд ва ба истифодаи ибораҳои сода ва ҷумлаҳои кӯтоҳ шурӯъ кунанд.
Дар ҳар ҳолат, муҳим аст, ки кӯдакон забони хориҷиро дар муҳити табиӣ ва бо тарзи бозӣ биомӯзанд, ки барои онҳо шавқовар ва фоиданок бошад.
Чӣ гуна кӯдакро бо забони хориҷӣ ошно кардан мумкин аст?
Агар волидон худ забон донанд, онҳо метавонанд бо кӯдак бо ҳамон забон муошират кунанд. Агар не, пас омӯзишро бо ёрии мураббиён, омӯзгорон ё хоҳару бародарони калонӣ идома додан мумкин аст. Омӯзиш бо ёрии мусиқӣ, шеърҳои кӯдакона ва афсонаҳо метавонад шавқовартар гардад.
Интихоби китобҳои расмдор ва мултфилмҳои мувофиқи синну сол кӯдаконро ба забони хориҷӣ бештар ҷалб мекунад. Бозиҳо усули муассири омӯзиш буда, кӯдакро ба раванди омӯзиш бо шавқ ҷалб мекунанд.
Имрӯз донистани танҳо як забон кофӣ нест. Касби ояндаи насли наврас ва имкониятҳои кории ӯ мустақиман бо донистани забонҳои хориҷӣ вобастаанд.
Фарзандоне, ки аз хурдӣ забони хориҷиро меомӯзанд, дар оянда имконият доранд дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил кунанд, ба маводи байналмилалии илмӣ ва таълимӣ дастрасӣ дошта бошанд. Дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Бо миллатҳо муошират кунанд ва бо фарҳанги онҳо шинос шаванд.
Муҳим он аст, ки омӯзиши забони хориҷӣ дар ҷавонӣ оғоз шавад, то дар оянда бо бартариҳои зиёд вориди ҷомеаи ҷаҳонӣ гарданд.
Шоҳназар Авазхонов,
магистри Донишгоҳи “Янги аср”-и Тошканд.