Алҳол дар Ӯзбекистони Нав барои занон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бобати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла баробарии гендерӣ, меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ ба имзо расидаанд.
Эҳтиром ва ғамхорӣ нисбати зан аз ҷумлаи фазилатҳои олиҷаноби мардуми мо мебошад. Зан – модар аз қадимулайём давомдиҳандаи насли инсон ва тарбиятгари ворисони сазовори ҷамъият аст. Алҳол дар Ӯзбекистони Нав барои занон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бобати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла баробарии гендерӣ, меҳнатӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ ба имзо расидаанд.
Дар гузашта муносибат ба зану духтарон чун имрӯза набуд, онҳо аз иштирок дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, таълиму тадрис маҳрум буданд. Ин ҳақиқати талх дар асарҳои шоиру нависандагон акси худро ёфтаанд. Масалан, адиби шинохта Ғафур Ғулом дар қиссаи “Ёдгор”-и худ ба номувофиқатии баробарии гендерӣ, бармаҳалу ғайри хоҳиши онҳо ба шавҳар додани духтарон эътибори махсус зоҳир кардааст.
Яке аз қаҳрамонони асар – Саодат дар мактуби нахустинаш ба Ҷӯра (шарикдарс ва баъдтар дӯстдоштааш) доир ба розӣ набудани волидайн ба минбаъд давом додани донишандӯзӣ ва дар хона нигаҳ доштани ӯ, аз ин ҳолат дар изтироб будани худро менависад. Дар асар ҳодисаву воқеаҳо аксар тавассути ба ҳамдигар мактубнависии дилдодагон ошкор мегардад. Саодат баъди чандин илтимоси дӯстонаш, оқибат ба хондани духтараш розӣ шудани падару модар ва имтиҳон супурда ба техникуми омӯзгорӣ дохил шудан, ҳамчунин хурсандии беинтиҳояшро аз тариқи мактуб ба Ҷӯра мерасонад. Ҷӯра ҷавобан менависад: “Саодат! Ба хондан дохилшуданатро фаҳмида хеле хурсанд шудам. Ҳар як духтар бояд барои ояндаи дурахшони худ соҳиби маълумот ва касбу кор бошад”.
Таъкид бояд кард, ки адиб дар қисса воқеаҳои солҳои 30-юми асри гузаштаро тасвир намудааст. Соҳиби илму дониш шудани духтаронро дастгирӣ намуда, масъалаи зарурати баробарии иҷтимоиро дар ҷамъият пеш гузоштааст.
Қаҳрамони асосии асар – Ҷӯра ҳамчун шахси озодфикр, дорои маънавияти баланд тасвир гардидааст. Хоҳари ӯ – Қумрӣ аз сабаби фарқ доштани муҳити хонаводагӣ нисбати оилаи Саодат соли аввал ба мактаби олӣ дохил мешавад. Ҷӯра дар яке аз мактубҳояш ба Саодат менависад: “Баъди ду сол тӯямон мешавад. То он вақт ману ту хонданро хатм мекунем. Барои ҳаёти дурахшон, ба фарзандонамон падару модари муносиб шудан ба пеш! Зеро ман барои духтури нағз, ту бошӣ, барои омӯзгори хуб шудан ваъда додаем”. Ғафур Ғулом дар асараш баробари фазилатҳои неки инсонӣ, муносибати худро тавассути образи Ҷӯра ва Саодат ба масъалаи баробарии ҷинсӣ баён кардааст.
Алъон дар Ӯзбекистони Нав бо назардошти тамоюлҳои нав ба масъалаҳои занону духтарон эътибор афзудааст. Баҳри ҳимояи ҳуқуқ, манфиат, ҳифзи саломатӣ, баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии занон, омӯзонидани касб, васеъ ҷалб намудани онҳо ба соҳибкорӣ, дастгирии бонувони эҳтиёҷманд, таъмини баробарии ҷинсӣ, ҳимояи занон аз тазъиқ ва зӯроварӣ корҳои назаррас амалӣ мегарданд. Масъалаҳои мазкур ҳамчунин дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, асарҳои адибон ифодаи худро меёбанд.
Саломат ҲАМИДОВА,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.