ДАР ЧИН ӮЗБЕКИСТОН ҲАМЧУН БЕҲТАРИН МАКОНИ ИСТИРОҲАТИ ФАРҲАНГӢ ДАР СОЛИ 2024 ЭЪТИРОФ ШУД

Дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими супурдани ҷоизаи “World Leisure Awards 2024” баргузор гардид, ки дар он Ӯзбекистон беҳтарин макони истироҳати фарҳангӣ дар соли 2024 эътироф шуд.

Дар чорабиние, ки аз ҷониби маҷаллаи «Travel&Leisure»  ташкил карда шуд, намояндагони ҳайатҳои дипломатии хориҷӣ, мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва расонаҳои Чин иштирок доштанд.

Сармуҳаррир ва асосгузори маҷалла Сяо Ян таъкид кард, ки Ӯзбекистон дар соҳаи сайёҳӣ иқтидори бузург дорад ва яке аз беҳтарин маконҳо барои саёҳат маҳсуб мешавад. Меъмории беназир, ёдгориҳои таърихӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ҳамасола миллионҳо меҳмононро аз тамоми ҷаҳон ҷалб мекунанд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки солҳои охир шумораи сайёҳони чинӣ, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар кунанд, афзоиш меёбад.

Иштирокдорони чорабинӣ бо ислоҳоти соҳаи рушди сайёҳии Ӯзбекистон низ шинос гардиданд. Таъкид гардид, ки бо таваҷҷуҳи давлат, соҳаҳои нави сайёҳӣ рушд ёфта, инфрасохтор беҳтар гардида, Ӯзбекистон ҳамчун маркази сайёҳӣ эътироф мегардад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки соли 2025 ҳамчун Соли сайёҳии Ӯзбекистон дар Чин эълон шудааст ва дар ин доира дар шаҳрҳои гуногуни кишвар чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Бо мақсади афзоиши шумораи сайёҳони чинӣ ба Ӯзбекистон, миқдори хатсайрҳои ҳавоӣ байни шаҳрҳои ду кишвар дучанд карда шудааст.

Илова бар ин, хабар дода шуд, ки 43-юмин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО соли 2025 дар шаҳри Самарқанд баргузор хоҳад шуд. Ин чорабинӣ бори аввал аз соли 1985 инҷониб берун аз шаҳри Париж гузаронида мешавад.

АИ “Дунё”,

ш. Пекин.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: