Оре, ҳафт сол пеш дар остонаи Наврӯзи оламафрӯз дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя воқеаи фаромӯшнопазир рух дода буд, ки дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтанд. Натиҷаҳои пурфайзи ҳодисаҳои шодибахши баҳори соли 2018-ро имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии тоҷикону ӯзбекон бараъло мебинем, эҳсос мекунем.
Дар остонаи Наврӯзи хуҷастапай, таърихи 13 март аз тариқи телевизиони “Тоҷикистон” навори хеле сурурбахш- дар ҳузури Президентҳои ду кишвари ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ҷараёни имзои 16 санади нави ҳамкории байнидавлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон оид ба рушд додани муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мухталифи ҳаёт, инчунин маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргох дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон намоиш дода шуд. Имзои шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ, Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муҳимтарин ҳуҷҷатҳо ба шумор мераванд. Ба имзо расидани ин санадҳои сарнавиштсозандаро аксари давлатҳои ҷаҳон, пеш аз ҳама минтақа, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, Сардабири кулли Созмони Милали Муттаҳид самимона истиқбол намуда, табрик карданд. Инак, акнун як манбаю хатари моҷарову муноқишаҳо, ки солҳои пеш боиси қурбониҳо гардида буданд, хомӯш гардид ва ду халқи ҳамсоя дасти ҳам гирифта, якдигарро ба оғӯш кашиданд. Дар замони кунунӣ, ки дар гӯшаҳои мухталифи олам вазъият муташанниҷ гардида, ҷангҳои хонумонсӯз идома доранд, дидани чунин рӯзҳои умедбахш вобаста бо ҳаёти мардумони минтақа, албатта хушоянд аст. Раҳкушоиҳо чӣ гуна кори савоб аст!
Ростӣ, ин лаҳза воқеаҳоеро, ки дар таърихи муносибатҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳафт сол муқаддам, аниқтараш 9-10-уми марти соли 2018 рӯй дода буданд, аз нав пеши назар оварданд. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, музокираву мулоқотҳои сатҳи олии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба имзо расидани қариб 30 санад доир ба ҳамкориҳои дуҷониба, боз гардидани гузаргоҳҳо, лаҳзаҳои шодибахши дидорбинии мардум, рақсидани пиру барно аз эълони бекор шудани визаи равуо, ашки шодии хешу ақрабои ду тарафи сарҳад таҳти садои карнайю сурнайҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ... Оре, ҳафт сол пеш дар остонаи Наврӯзи оламафрӯз дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя воқеаи фаромӯшнопазир рух дода буд, ки дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтанд. Натиҷаҳои пурфайзи ҳодисаҳои шодибахши баҳори соли 2018-ро имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои зиндагии тоҷикону ӯзбекон бараъло мебинем, эҳсос мекунем.
Оре, тавре ки дар урфият мегӯянд, “соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост”. Баҳор имсол дар Ӯзбекистон (дар минтақа низ) хеле фараҳбахш омад. Баъд аз барфи пурбаракот табиат эҳё шуда, дарахтони зардолуву бодому олуча баробар гулафшон шуданд. Алғараз Модар-замин саховати худро аз мо дареғ надошт! Ба дилҳоямон ҳазорон орзуҳоро бедор кард. Сулҳу осоиш бошад, дар байни орзуҳои фарзанди одамизод афзалноктарин аст!
Бидуни ҳайрат наметавон тасаввур кард, ки тӯли беш аз ҳафт соли гузашта авзои минтақа ин қадар дилкашу зебо мешавад, истилоҳоти “Ӯзбекистону навҳамсоягӣ”, “Рӯҳи Осиёи Марказӣ” аз саҳифаҳои китобу санадҳои оид ба дипломатия, сиёсатшиносӣ мустаҳкам ҷой мегиранд, дар анҷуманҳои бузурги байналмилалӣ аз забони арбобони намоёни давлатӣ, сиёсатмадорони барҷаста такрор ва такрор садо медиҳанд.
Таърих гувоҳ аст, ки сиёсати хайрандешонаи зимомдорони давлат асоси замонату кафолати зиндагии осудаҳолона ва пурфайзи мардум будааст. Бубинед, ки сиёсати пайгиронаи “Ӯзбекистони нав – ҳамсоягии нав” яхи қариб чорякасринаи муносибатҳои давлатиро об карда, роҳи равони рӯзгори мардумонро боз намуд. Тахминан як моҳ пеш дар Самарқанди бостонӣ зери шиори “То тавонӣ дӯстонро гум макун” як чорабинии хеле пуршукӯҳи рӯшанфикрони Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор гардида буд. Хушбахтона чунин анҷуману маҳфилҳо дар байни вилоятҳои ҳамсарҳади ду мамлакат зуд-зуд ба амал меоянд, ки ин ҳама ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ таъсири неки худро мерасонанд. Дар тӯли ҳафт соли охир мубодилаи маҳсулот дар байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз 197 миллион ба 757 миллион доллар афзуд ва интизор меравад, ки ин нишондиҳанда солҳои наздик ба як миллиард доллар расонда шавад.
Бино ба хулосаи коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд.
Ба маврид аст қайд кунем, ки сафари давлати Шавкат Мирзиёев дар таърихи 5-6-уми сентябри соли 2017 ба Қирғизистон ба инкишофи минбаъдаи ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвар замина фароҳам овард. Дар ҳамин замина мубодилаи маҳсулоти байни ду кишвар бино ба маълумоти охири соли 2023 ба 1 миллиард доллар расидааст. Сармоягузориҳо аз ду ҷониб ва вусъати кооператсия самари худро медиҳанд. Хусусан дар соҳаи нақлиёт, интиқоли бор, логистика натиҷаҳо назаррасанд. Сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон беҳтарин лоиҳаи ҳамкориҳо ба ҳисоб меравад. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 декабри соли гузашта дар маросими ботантана бахшида ба оғози сохтмони роҳи оҳани мазкур ба иштирокдрони он паёми шодбошӣ гуфта, аз ҷумла таъкид карда буд, ки “ ба истифода додани ин шоҳроҳи роҳи оҳан ба чандин маротиба зиёд шудани ҳаҷми савдо ва сармоягузории минтақавӣ, хеле кам гардидани харҷи нақлиёт, мавриди истифода қарор гирифтани қудрати бузурги интиқолии Осиёи Марказӣ хидмат мекунад”.
Ҳоло дар байни сарҳадоти Ӯзбекистону Қирғизистон беш аз 20 гузаргоҳ амал мекунад. Робитаҳои ҳамкории гуманитарӣ низ пайваста вусъат меёбанд.
Мулоқоти машваратии раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи таҳким бахшидан ба равобити кишварҳои минтақа ва таъмин кардани истиқрору пойдории сулҳ воситаи муҳим гаштааст.
Дар остонаи Наврӯзи имсола раҳбари Ӯзбекистон бо сарварони давлатҳои минтақа суҳбатҳои телефонӣ анҷом дод, масъалаҳои вобаста ба вусъати ҳамкориҳо ва рафъи ҳар гуна монеаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зимнан ӯ оид ба мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 31-уми моҳи март дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, таваққуф намуд.
Дар табрикоти наврӯзии худ Шавкат Мирзиёев ҳамаи инсонҳои нексиришти минтақаро аз номи мардуми гуногунмиллати Ӯзбекистон муборакбод карда, аз ҷумла гуфт: “Наврӯзи олам алҳол тамоми миллату халқиятҳо, аз ҷумла халқҳои Осиёи Марказиро боз ҳам қаринтар мекунад. Бигузор минтақаи мо, ки ба маънои аслӣ ба макони дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамкорӣ табдил меёбад, ҳамеша орому осуда, доим шукуфон бошад! Дар ин маврид мехоҳам ба зиёиёни муҳтарам, намояндагони илму фарҳанг, санъат ва адабиёти минтақаамон муроҷиат карда, бигӯям:
Дӯстони азиз, агар шумо бо истеъдоду заковати беҳамтои худ асарҳое эҷод кунед, ки бародарии абадии мо, арзишу анъанаҳои муштарак ва ормонҳои наҷибамонро тараннум созанд ва дар тарбияи ҷавонон дар ин рӯҳия саҳм гузоранд, халқамон аз шумо, албатта миннатдор хоҳанд шуд.
Бешубҳа, чунин намунаҳои мукаммали эҷодӣ дар замони пурхатари имрӯза барои халқи мо, бахусус наслҳои наврасамон, чун сипари мустаҳками маънавӣ хидмат хоҳанд кард.
Охири ҳамин моҳ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани вохӯрии сеҷонибаи сарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, итминон дорам, ки дар таҳкими муносибатҳои некҳамсоягӣ боз як қадами амалӣ мегардад.”
Бояд қайд кард, ки дар охири моҳи март айнан дар Хуҷанд гузаронидани ин мулоқоти олимартаба маънои рамзӣ ҳам дорад. Зеро Пирози ҷаҳон аз қадимулайём дар чорраҳои таърих ҳамчун шаҳри тиҷорат, илм ва мулоқоти фарҳангии мардумони минтақа хидмат кардааст. Хуҷандро дар Тоҷикистон ҳамчун “Шаҳри сулҳ” ҳам ба забон мебаранд. Зеро Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ин мамлакат 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ин шаҳр баргузор шуда, ба ҷанги дохилӣ хотима гузошт. Сарвари оқилу шуҷоъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари давлат овард. Президенти Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев дар рӯзи дуюми сафари давлатӣ 10-11 июни соли 2021 айнан дар Қасри Арбоб бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва рӯшанфикрон мулоқот дошт. Дар ҳамин ҷо ғояи офаридани филми бадеӣ оид ба рӯзгори ду шоир ва мутафаккири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ пешниҳод гардид.
Аз мулоқоти навбатӣ, ин дафъа мулоқоти сеҷониба низ мардумони минтақа умеди зиёд доранд. Бовар дорем, ки Наврӯзи оламафрӯзи имсола боз бо як воқеаи таърихию сурурбахш дар ёди мо абадӣ хоҳад монд. Зеро бо ҳамсоягон дар муҳити дӯстию рафоқат зистан лаззати дигар дорад!
Шоқаҳҳор Салимов,
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.