ДАР ВИЛОЯТИ НАВОӢ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ЁФТ

Дар замини хоҷагии фермерии “Ҳамид Сардор”-и ноҳияи Навбаҳор бо иштироки фермерон ва роҳбарони муассисоти дахлдор семинари таълимӣ-амалӣ баргузор шуд.

Фасли сармо даргузашту баҳор омад. Табиат тарки хоб карда, либоси нав ба бар кард. Фасли киштукор фаро расид. Ба ин раванди созанда деҳқонони вилояти Навоӣ низ бипайвастанд. Бо дуои мӯйсафедон дар вилоят ба кишти пунбадона оғоз намуданд.

Дар замини хоҷагии фермерии “Ҳамид Сардор”-и ноҳияи Навбаҳор бо иштироки фермерон ва роҳбарони муассисоти дахлдор семинари таълимӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар семинар аз ҷониби мутахассисон таъкид гардид, ки бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон аз пахта, имконот ва иқлими муҳитро ба инобат гирифта, кишти пунбадонаро бо самар ва бо сифат бояд анҷом дод. Афзалиятҳои чигити сертификатдор батафсил таъкид ва баррасӣ гардид. Дар ҷараёни семинар техникаҳои хоҷагии деҳот ба намоиш гузошта, афзалияти онҳо ҳангоми кишту кор ва ғунучини ҳосил ба фермерон таъкид  карда шуд.

Дар охир бо дуои мӯйсафедон кишти чигит оғоз ёфт. Дар вилоят соли равон дар майдони 24730 гектар замин чигит кишт карда мешавад.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: