Масъалаҳои рушди энергетикаи атомӣ баррасӣ шуданд

  • Масъалаҳои  рушди энергетикаи атомӣ баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои  рушди энергетикаи атомӣ баррасӣ шуданд
  • Масъалаҳои  рушди энергетикаи атомӣ баррасӣ шуданд

Ба Сарвари давлатамон аз рӯйи иҷрои вазифаҳои рушди энергетикаи атомӣ маълумот дода шуд.

Дар натиҷаи татбиқи бисёр лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи мамлакат, дар панҷ соли охир истеҳсоли неруи барқ 30 фоиз афзуда, ба 81,5 миллиард киловатт-соат расид. Барои қонеъ кардани талабот, ки то рафт меафзояд, манбаъҳои барқароршавандаи энергия низ фаъол рушд мекунанд. Саҳми он дар генератсия ба 16 фоиз расид ва соли гузашта 3,2 гигаватт иқтидори иловагӣ ба вуҷуд омад.

Дар ин соҳа бо назардошти дурнамо, барои оянда замина фароҳам намудан муҳим аст. Бино ба ҳисобу китоб истеъмоли неруи барқ дар соли 2035 дар мамлакат ба 121 миллиард киловатт соат хоҳад расид. Аз ин рӯ, ҷиҳати рушди ҳама соҳаҳои энергетика чораҳо андешида мешавад.

Бахусус, то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани ҳиссаи энергияи “сабз” дар тавлиди умумӣ пешбинӣ шудааст. Дар муддати тӯлонӣ ба яке аз манбаъҳои пойгоҳӣ табдил додани энергияи атомӣ дар назар аст.

Ҳоло аз рӯйи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқии атомии камиқтидор корҳо ҷараён доранд. Бо мақсади муҳокимаи имкониятҳои татбиқи он ва омодасозии “харитаи роҳ” вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ баргузор гардид.

Якҷоя бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Нақшаи ҳаракатҳои муштарак барои солҳои 2025-2027 таҳия гардид. Ҳар як марҳилаи сохтмони неругоҳи оянда – аз лоиҳакашӣ то анҷоми он таҳти назорати қатъии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ мешавад, таҷрибаҳои аз ҳама пешқадам ва талаботи бехатари ҷаҳонӣ татбиқ мегардад.

Дар ҷамъомад масъулон доир ба рафти иҷрои лоиҳа, гуфтушунид бо ҳамкорон ахборот доданд. Масъалаҳои гирифтани рухсатномаҳо ва маблағгузорӣ, инчунин, ҷиҳатҳои техникию иқтисодии неругоҳи барқии атомии пуриқтидор ва нақшаҳои сохтмони он баррасӣ гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: