ПРЕЗИДЕНТҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН ДАР ШАҲРИ АЛМААТО ВОХӮРИИ ҒАЙРИРАСМӢ МЕГУЗАРОНАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев 29 март бо сафари корӣ барои мулоқоти ғайрирасмии сатҳи баланд ба шаҳри Алмаато меравад.

Бо иштироки ҳайатҳои ду мамлакат масъалаҳои таҳкими пайвастаи муносибатҳои некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Ӯзбекистону Қазоқистон, инчунин масъалаҳои мубрами молики аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

Тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, нақлиёту логистика, энергетика, кишоварзӣ ва идоракунии об, инчунин идомаи робитаҳои фаъоли байниминтақавӣ ва табодули фарҳангиву гуманитарӣ дар маркази диққат қарор хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи апрели соли гузашта чунин мулоқоти дуҷонибаи роҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар шаҳри Хива баргузор шуда буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: