МУҲАММАДЮСУФИ МАЪЮСӢ КИСТ?

Муҳаммадюсуфи Маъюсӣ соли 1871 дар деҳаи Хонҷизаи ҳоло вилояти Сурхондарё дар оилаи камбағал ба дунё омадааст.

Маъюсӣ дар айёми кӯдакӣ аз падараш илмҳои динӣ ва адабиёт меомӯзад ва баътар дар деҳаи худаш таълимро давом медиҳад. Давраи кӯдакиаш бо машаққатҳои зиёд гузаштааст. Шоир аз кӯдакӣ ба илм гирифтан шавқ дошт, шеър ва ғазалҳоро зуд азхуд карда мегирифт, зеҳни пазиро дошт. Дар бораи оилааш маълумоти пурра нест. Маъюсӣ, баъди хатми мактаб, барои таълим гирифтан ба Бухоро меравад ва дар он ҷо бо бисёр шоирон ва нависандагон шиносоӣ пайдо мекунад, бо навиштани шеър, ғазал, мухаммас машғул мешавад. Маъюсӣ дар Бухоро бо яке аз ҳамдеҳагони худ шинос мешавад, ки Сӯфии Харобаи Ҳисорӣ ном дошта, дар байни мардум нуфузу эътибори зиёде ёфта буд. Шиносоӣ бо ӯ дар фаъолияти Маъюсӣ таъсири калон расонидааст. Сӯфии Харобаи Ҳисорӣ аз дилбастагони ҷараёни нақшбандияи тасаввуф будааст. Ин байти Маъюсӣ гувоҳи ин гуфта аст:

Нақшбандо, бар дарат ранги хазон овардаам,

Дар ҷабини худ гунаҳкорӣ нишон овардаам,

Дар хазоини ту бисёр аст ганҷу симу зар,

Дар ҳаримат он чӣ камёб аст, он овардаам.

Назр месозанд мардум дар ҳаримат симу зар,

Ман ба назри остони дӯст ҷон овардаам...

Нақлу ривояте ҳаст, ки як шаби тамомро сари мақбараи ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд бо дуову муноҷот рӯз карда, субҳ ин ғазали обдорро сароида. Ҳамин тавр, Маъюсӣ бо Сӯфии Харобаи Ҳисорӣ дӯстии наздик пайдо мекунад. Тахминан, солҳои 1911, баъд аз бист соли таҳсил, аз Бухоро ба зодгоҳи худ баргашта, оиладор мешавад. Шоир баъди як моҳ барои итмоми таҳсил боз ба Бухоро бармегардад, соли 1915 мадрасаи Мири Арабро хатм мекунад. Маъюсӣ соли 1926 бо ҳамроҳии эшони Содиқи Самарқандӣ ва Мулло Бурҳон бо азми зиёрати Каъба ба роҳ мебарояд. Аммо дар роҳ инқилобиёни сурх –  барпокунандагони Ҳукумати Шуравӣ шоиру ҳамроҳонашро дастгир намуда, муддате ҳабс ва сипас боз ба зодгоҳашон мегуселонанд. Баъдан шоир дар зодгоҳаш умр гузаронида, соли 1948 аз дидаи бино маҳрум мешавад. Шоир умре доғи бефарзандиро кашида, абёти зиёде дар ин мавзуъ сурудааст.

Солҳо рафту ҷигарбанде наёмад бар дарам,

З-ин сабаб ёрон, ман ин дам додгӯён меравам.

Шоир баъди оҷиз шудан 14 пораи боқимондаи Каломуллоҳро бо такрори дигарон дар хотира ҳифз мекунад. Ӯ аксари ашъори худро маҳз дар давраи нобиноияш офаридааст, ки шогирдонаш онҳоро ба дафтарҳо навишта, ба имрӯзиён интиқол додаанд. Муҳаммадюсуфи Маъюсӣ соли 1967 шаби ҷумъа аз олам чашм мепӯшад.

Шоир бисёр шахсони бомаърифатро ба камол расонидааст. Шогирдонаш Мулло Маҳмуд, Ҳидоятулло, Абдулкабир, Ғиёсуддин аз он ҷумлаанд. Мероси шоир пурра то ба мо нарасидааст. Муаллифи асарҳои “Гуфтори Маъюсӣ”, “Таҷаллои ишқ” ва “Асмо-ул-ҳусно” маҳсуб мешавад. Аъшори шоир тавассути додарзодааш ва шогирдаш Абдулқосим имрӯзҳо дастраси аҳли илм гардидааст. Як қисми шеърҳояш бо хати форсӣ китобат шудаанд. Чор мисраъ шеъри зеринро шоир ба дастони худаш дар сутуни хонааш навиштааст:

Навиштам сатре дар девори хона,

Ки монад аз мани мискин нишона.

Худовандо ато кун умру давлат,

Фақат шодӣ бубахшову амонат.

Ашъори Маъюсӣ саропо ирфонист, онҳо дунёи ботинии шоирро таҷассум намудаанд.

Сабрина САФАРОВА,

донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: