АТРОФИ ҚАБРИСТОН ИҲОТА ГАРДИД

Бахшиши гуноҳи якдигар, аёдати падару модарон, беморону калонсолон ва хайру саховат ба ниёзмандон, инчунин, тозаву озода кардани хона, кӯча ва маҳалли зисти худ аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз ва ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон ба шумор меравад.

Дар арафаи ин ҷашни баҳорӣ ҳама мекӯшанд ба амали хайре даст зананд, ба дармондагон ёрӣ расонанд, баҳри обод кардани гӯшае саҳм гузоранд. Фарзанди некноми деҳаи Сойхурд, писари омӯзгори собиқадор Ӯзбекбойи Раҳмон – Манучеҳри Эгамзода низ дар арафаи иди баҳорӣ кори хайреро анҷом дод. Баҳри ободонии қабристони деҳа саҳм гузошт.

Манучеҳр, ки ҳоло муқими шаҳри Тошканд аст, 330 метр симтӯр, 1000 дона хишти бетонӣ, 1 тонна семент ва 14 мошин сангу рег оварда, атрофи қабристонро бо симтӯр иҳота кард.

Бояд гуфт, ки симтӯрҳои пешинаи атрофи қабристон хеле фарсуда гардида буд. Ҳатто гоҳо чорвои калону хурди мардум ба он даромада, қабрҳоро зери по мекарданд. Инак, атрофи қабристон хеле хуб маҳкам гардид. Умед дорем, ки дигарон ҳам ин иқдоми некро пайгирӣ мекунанд ва ба ташаббусҳои нек даст зада, баҳри ободии деҳа саҳм мегузоранд.

Орзумурод РӮЗИЕВ,

раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Каттасойи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: