Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба шаҳри Алмаато омад.
Сарвари давлатамонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешвоз гирифт. Ба шарафи пешвои Ӯзбекистон парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.
Имрӯз Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон вохӯрии ғайрирасмӣ анҷом медиҳанд. Тибқи рӯзнома баррасии масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, кооператсияи саноатӣ, нақлиёту логистика, энергетика, кишоварзӣ ва идоракунии об, инчунин идомаи робитаҳои фаъоли байниминтақавӣ ва табодули фарҳангиву гуманитарӣ дар назар аст.
Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард.