Ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз баҳри ободонӣ ва фаровонии ҳаёти мардум дар вилояти Сурхондарё 47-то бинои нави маъмурӣ бунёд ёфта, ба истифода супорида шуд.
Ҳар як ҷашни миллӣ файзу шукӯҳи тоза дорад. Алалхусус, Наврӯзи оламафрӯз, ки айни бедории табиат, рамзи ҳаёти нав маҳсуб меёбад, бо омад-омади худ ба ҳаёти рӯзмарраи мо рангу ҷилои нав, иқболу хуррамӣ овард. Ба муносибати ин ҷашни фархундапай баҳри ободонӣ ва фаровонии ҳаёти мардум дар вилояти Сурхондарё 47-то бинои нави маъмурӣ бунёд ёфта, ба истифода супорида шуд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Тирмиз ба ивази 86,4 миллиард сӯм “Кластери тиббӣ” сохта шуд, ки дорои ҳама гуна шароити ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Дар маросими ифтитоҳи ин маҷмаа ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов, фаъолони меҳнат, нурониён, роҳбару ходимони соҳаи тиб ширкат варзиданд.
Дар ин маскани тиббии замонавӣ 300 ҷойи табобатӣ, хонаҳои омӯзишӣ ва толори анҷуманҳои дорои 450 ҷойи нишаст мавҷуд буда, кластери мазкур баробари расонидани хидмати тиббӣ ба дараҷаи сифатан нав, инчунин эҳтиёҷу талаботи аҳолии воҳаро ба мутахассисони соҳибмаълумот низ қонеъ мегардонад.
Мутахассисон арзёбӣ менамоянд, ки баробари ба кор сар кардани “Кластери тиббӣ” ҳар сол зиёда аз 14,5 миллиард сӯм маблағи давлат ва аҳолӣ сарфа мешавад.
Ба аҳолӣ инчунин боз 31 лоиҳаи дигар, ки дар даври дуюми «Буҷаи ташаббус» амалӣ гардид, тантанавор супорида шуд. Ба ин 17-то мактаб, 9 маскани тиббӣ, 2 мактаби олӣ, 2-то иншооти варзишӣ ва 1 бинои маъмурии ташкилоти навбунёди ҳимояи иҷтимоӣ шомил аст.
Барои коҳиш додани камбизоатӣ дар доираи барномаи “Аз камбизоатӣ – сӯйи фаровонӣ” дар 15 маҳаллаи вилоят воситаҳои обёрӣ, ки хеле корношоям гардида буданд, нав карда шуд.
Ба истифода дода шудани иншоотҳои мазкур барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ, ободу фаровонии тарзи зиндагонии онҳо ва рушди соҳаи иҷтимоӣ хидмат мекунанд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Сурхондарё.