ҲАРЗА

(Ҳикоя)

Онҳо кӯчарӯбанд... Ҳанӯз зоғи ало минқор наолуда, аз хоб бедор мешаванд ва асбоби меҳнат дар даст зуд ба ҷойи кор меоянд. Назофати як ҷодаи калони шаҳрро дар зимма доранд... Яке ҷавон ва ҳанӯз мӯйи зебояш сафедӣ чист – бӯйе набурдааст, дигаре андак солманд ва рӯйи замоне чун дебо нафисаш дар иҳотаи ожангҳои гаҳу ногаҳ – тахмин дар пошнаи панҷоҳ қарор дорад. Онҳо дар бадали ду соли ҳамкорӣ хеле  қарин шудаанд, ба як ҳисоб дугонаҳои ҷонианд. Дандони гапи яке ба дигаре меғӯтад...

Шохҷорӯби дароз дар дасти зани солманд беист такон мехӯрад, рӯйи ҷода якмаром рафтаву меояд ва хиш-хиш садо медиҳад, гӯё хастае аст, ки аз мағзи шуш канда-канда нафас мегирад. Ва... аз ҳаракоти муназзами он аъҷуба домани ин кӯчаи ҳоло чиркин ниҳоят сафо меёбад.

Яке аз он занҳо дар даст халтаи партовҳо дорад ва ҳарчӣ рӯйи роҳ уфтода буд: селофан, зарфҳои плостикии обу шарбат, коғазҳои гуногун, барчаспи    хел-хел маҳсулот, лифофаи       пичинӣ ё шакалод, пасмондаи сигорро... чида, ба даҳони он меандозад. Аммо ҳарҷо, агар ба ностуфе дучор мегашт, бо кароҳат ҷабин чин мекард, гули рӯяш пажмурда, ба рӯйи он ранги сабзи бештар ба пас- афканди мурғҳо монанд... нӯги пойафзори нимдошташро ме- гузошт ва шакидаву низ аз дидаҳо пинҳон месохт. Ҳоло дар оғози рӯзи нав  барқсон фикре дар сараш пайдо шуда, шодон танаффус кард ва лаҳзае аз шуғл истода, ба ҳамкораш рӯ овард.

– Дугон.

– Ҳа, чӣ мегӯӣ?

Зани солманд як ба ҷавонзан назар партофта, дубора гашти ҷорӯбро пай гирифт, ки аз ҳаракоти дасти ӯ беист сар ба хоки ҷода месуд. 

– Кош, аз шаҳри мо як умр қадами моҳи шарифи Рамазон дур намегашт.

Зани калонсол як лаҳза аз кор монд, шохҷорӯбаш ҳам ногузир осуд. Ба дугонааш нигарист, қади на чандон баланди ӯро ваҷаб ба ваҷаб чен кард. Маҳсули тафаккурашро ҳам ба тарозуи ақл гузошт, аммо чизе нафаҳмида, ба кадом маъние сар такон дод.

– Боз он мағзи палағдаат чӣ сафсата кор карда баровард? – пурсид дар истеҳзо ва як мушханде заду ба кори худ идома дод. “Аз сари ин бева гоҳ-гоҳ фикрҳое мепарад, ки... Садқаи номи покат шавам, Парвардигор! Аҷаб бандагоне дорӣ”, – фавран аз дил гузаронд ӯ, аммо гӯшаш ҳамон ба посухи дугонааш...

– Рост мегӯям-дия! – дар тақвияти андешаи худ ҷиддӣ садо баланд намуд ҷавонзан.

– Ку шунавем, рост мегӯӣ, ё ..?

– Албатта, рост!

Зани ҷорӯббадаст дубора аз кор бозистод. Панҷаи осудаи ҷорӯбро ду қадам дур аз пеши пояш ва дастаи лайсу суфтаи онро ба китф такя гузошт, рӯймоли калонро, ки қафотар ғеҷида буд, пештар, ба рӯйи пешонии пурожангаш хобонд ва даст ба паси гардан бурда, ду нӯги сарбандро оҳиста кашид. Дар ҳоле, ки ин посухи батаъкид кадом ҳисси ӯро меангехт, акнун ду даст дар миён ба ҷониби ҳамкори худ теғ кашидаву бад-бад нигарист. Зани ҷавон, ки то ин дам қиёфаи ҷиддӣ дошт, аз шамоили хандазои ҳамкори худ ба ваҷд омада:

– Фотимаҷон, – акнун ба номаш муроҷиат кард.

– Ҳа, ҷон! – сахт карда посух дод Фотима.

– Ҳамин истоданатон сарҳарфи номатонро мемонад, мурам. Ҳарфи “Ф”-и калон.

Фотима як ба чапу як ба росташ нигариста, аз зарофати дугонаи худ итоб аз рӯй сутурд ва нохост пиқ-пиқ ба ханда даромад.

– Дар инояти Парвардигор мурам, номи апаат бисёр шариф аст. Фотима номи ҳазл не!

Онҳо як муддат хандида ва ниҳоят ғубори дил берун афканданд. Баъд зани солманд:

– Хайр, бева, чӣ гуфтан мехостӣ? Ба ҳарзаат давом деҳ! – гуфт бо андак итоб.

Бонуи ҷавонтар ба пешу бар нигарист ва бо нигоҳ ҷойи мувофиқе кофт ва ниҳоят ёфта, гӯё бори дилаш зиёд шуда бошад, халтаро ғамгин дар як гӯшаи роҳрав гузошт ва роиҷ ба болояш нишаст. Зарфҳои плостикии дохили халта ба нолиш даромаданд. Фотима ҳам шохҷорӯби дастадарози худро ба замин хобонд ва оҳиста аз бари дугонаи худ ҷой гирифт. “Кори дунё намегу- резад. Бигзор ба ҳамин баҳона як дамак истироҳат кунанд...”

– Мегӯям, ки ҳамин моҳи шарифи Рамазон асло аз шаҳри мо наравад!

– Шунидам ин ҳарзаатро. Аммо чаро? Муддаоят чист?

– Намебинӣ, шаҳрамон чӣ хел озода. Мисли пештара чиркин нест. Аз шарофаташ заҳмати мо ҳам камтар...

Фотима дар ҷойи нишаст қомат ёзонд ва сар гардондаву ба ҳар тараф назар давонд.

– Лекин рост.., – гуфт ниҳоят ба мушоҳидаи дугонааш сидқан қоил шуда.

– Хидмати моро касе қадр намекунад, дугон. Азоби моро саҳл мегиранд, – нармакак ба зонуи Фотима зад.

– Ин қадар боақл будаӣ, дар ягон мактаби номаш баланд хон буд. Чаро нахондӣ?

– Эҳ, шумо бехабар. Ин хоҳари пешонашӯратон одами хондагӣ, апаҷон. Ҳатто дипломдор... Аммо ку ҳамон кори сабил?

Фотима аз камзӯли зардинаи худ чанд гардро дур андохта, тамоми идораҳоеро, ки медонист, хаёлан пеши назар овард ва барои дугонаи худ ҷойи коре пайдо накарда, боз ба сари гуфтаҳои ӯ омад. Ин дам ба зеҳнаш як фикри дигар даромада, зуд бапо шуд. Ин андеша гӯё як пора яхе буд, ки аз ҷигари кадомин як қуллаи баланди кӯҳи лазарпӯш ҷудо шуда, ногоҳ дар ҷони ӯ ҷой гирифт. – Ҳей, бева! – бо пой заминро нарм кӯфт Фотима.

– Ман бева не, шукр, давлати сар дорам, апаҷон. Як рӯз ҳатман аз Русия бармегардад. Бо сари баланд...

– Забони ин апаатро нахорон!

– Хайр, чӣ гуфтам ман? – ноаён гиребон ҷуфт кард ҷавонзан.

– Ҳоло, ки шавҳарат нест, пас беваӣ ту!

– Номи ман Малоҳат...

– Агар Малоҳат бошӣ, гапи маро шунаву дар ду гӯшат маҳкам дор!

– Чӣ, гапам нодуруст буд?

– Дуруст буд – нодуруст буд, хуллас, фикри сиҳат нест! Ҳамон ҳарзаатро боз дар пеши раҳбарон нагӯӣ. Мекушамат.., – теғи нигоҳ ба ӯ бурд.

– Кадомашро? Дар бораи моҳи шарифи Рамазон?

– Бале!

– Хайр... – дурусттар дар болои халтаи партов нишаста, даст ба пешонӣ соябон сохта, ба дугонааш мутаваҷҷеҳ шуд Малоҳат.

– Бигзор, шаҳрамон чиркин бошад, ман розӣ!

– Эъе, чаро? – таҳайюр кард ӯ.

– Ба ману ту кор зиёд мешавад. Фаҳмидӣ, бева?

– Ҳаа-а, – абрӯ боло кашид Малоҳат.

– Агар ҳама ҷо тозаву озода шуда, кори мо осон гардад, медонӣ, чӣ рӯй медиҳад?

– Ҷанги сеюми ҷаҳон рӯй намедодагист?

– Худо нигаҳбон, бева. Нафасат ин қадар хунук набошад...

– Хайр, чӣ мешавад? Ба фикрам, ягон бадӣ надорад.

– Дард мешавад, бало мешавад, беваи ҳафтафаҳм! Боз шон аз хайли хондагиҳо!

– Ку шунавем, фикри нестдарҷаҳонатонро.

Фотима ба ҷониби Малоҳат оҳиста сар хамонда, якрост гуфт:

– Аз ду нафари мо якеро интихоб мекунанд ва ба дигаре дари кӯчаи калонро нишон медиҳанд! Фаҳмо?

– Вой ман мурам... Акнун фаҳмидам. Чӣ хел мантиқшинос шумо. Қоил. Мани дипломдор ба мағзи ҳамин гапу кор нарафтаам.

– Боз... ҷавонтарӣ ту! Туро ҳатман “мон” мегӯяд ва ба ман... – Нарангушт аз миёни ду ангушти дигар гузаронда, ба Малоҳат нишон медиҳад... мегӯянд. Ин аниқ! Маро аҷаб нест, ки аз кор биронанд. Боз ин апаи бадбахтат аз куҷо кор меёбад? – оҳ кашида ба дигар самт нигарист Фотима.

– Лекин суханатон ҷон дорад.., – дар таассуф лаб газид Малоҳат.

– Бори дигар ин г...ро ба даҳон нагир! Вагарна.., – сар такон дод ӯ.

Малоҳат аз ҷой хеставу дар даст халтаи партов андешаманд канортар рафт. Ин дам як мошин бо суръат гузашта, аз тирезаи нимакушодаи он як зарфи плостикӣ парид ва ғелидаву ба ҷӯйи беоби қади роҳ афтод.

– Э, хар! Бетамиз! – аз қафои мошин мушти таҳдид бардошт Малоҳат ва боз чанд носазои дигар дар забон ба самти он зарфи раҳошуда рафт.

Фотима оҳиста ҷорӯбро ба даст гирифт ва аз пешомади ҳанӯз норӯшан ва эҳтимолие андешид. Шавқи рӯфтан дар дили ӯ кӯр шуда буд, аммо ночор ба ҷорӯб кашидан оғоз кард.

Садои хиш-хиши шохҷорӯб дубора баланд шуд. Ҷодаи начандон чиркин аз доманаш сар карда, оҳиста сафо меёфт...

Шариф ХАЛИЛ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: