БЕШ АЗ 200 АСАРИ САНЪАТ БА НАМОИШ ГУЗОШТА ШУД

Академияи бадеӣ ва маъмурияти намоишгоҳҳои бадеии Ӯзбекистон Наврӯзро чун анъана бо руҳияти нав пешвоз гирифтанд.

Дар толори намоишгоҳи марказии Академияи бадеӣ намоиши идонаи вернисажи баҳор ташкил карда шуд. Дар экспозитсия беш аз 200 асари ҳайкалтарошӣ, рангтасвир, графика ва санъати амалии эҷодкорон бо номҳои “Модар”, “Барф дар баҳор”, “Баҳор”, “Баҳори кӯҳистон”, “Манзараи кӯҳ”, “Дар домани кӯҳ”, «Ҳавлии бачагӣ», “Бомдод”, “Баҳори Хумсон”, “Баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон... ва боз баҳор”, “Боғишамол” ва ғайра ҷой доранд, ки нафосат ва зебоии онҳо тамошобинро ба табиат ва табиатдӯстӣ даъват менамояд. Намоишгоҳ то 14 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

Ҳ. Абдуназаров.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: