ПОЯИ МУСТАҲКАМИ ҲУҚУҚИИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар Ӯзбекистон пойгоҳи ҳуқуқӣ ва сохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфтааст. Агентии кор бо ҷавонон фаъолият мекунад. Ҳамчунин, Шӯрои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, тайи ҳашт соли охир муносибат ба сиёсати ҷавонон ба таври куллӣ тағйир ёфт. Дар кишвар системаи беназири идоракунии амалиёт бо ҷавонон ҷорӣ шудааст. Ин система имкон медиҳад, ки дар сатҳи поёнии идоракунӣ – маҳаллаҳо масъалаҳои муҳими марбут ба ҷавонон бо воситаи пешвоёни ҷавонон ҳаллу фасл карда шаванд. Бо шарофати ҷорӣ намудани низоми нав, ки барои баланд бардоштани даромади ҷавонон тавассути ҷудо кардани қитъаҳои замин равона шудааст, танҳо дар соли 2024, тибқи тавсияҳои «ҳафтгонаи маҳалла», ба 156 ҳазор ҷавону духтарон 60 ҳазор гектар замин ба иҷора барои 30 сол дода шуд, ки ин як қадами муҳим дар ин самт мебошад.

Ислоҳоти марбут ба тарбияи ҷавонон ба таври системавӣ ва марҳилавӣ амалӣ шуда, бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пайванди ногусастанӣ доранд. Имрӯз дар Ӯзбекистон пойгоҳи ҳуқуқӣ ва сохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфтааст. Агентии кор бо ҷавонон фаъолият мекунад. Ҳамчунин, Шӯрои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар таъсис ёфтааст. Дар назди агентӣ Бунёди дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин Пажӯҳишгоҳи омӯзиши мушкилоти ҷавонон ва омодасозии кадрҳои ояндадор ташкил шудааст.

Дар Палатаи қонунгузории парлумон Комиссия оид ба масъалаҳои ҷавонон таъсис ёфта, дар ҳар ду палата парлумонҳои ҷавонон фаъолият доранд. Аз соли 2017, 30 июн дар Ӯзбекистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мешавад, ки он расман дар кишвар ҳамчун иди давлатӣ муқаррар шудааст. Ҳамасола нақшаи чорабиниҳои ҷавонон таҳия ва амалӣ мегардад.

Дар кишвари мо барои ҷавонон мукофотҳои гуногуни давлатӣ ёфтаанд. Аз ҷумла, Мукофоти давлатии ба номи Зулфия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дастгирии пешниҳодҳо оид ба таъсиси Мукофоти давлатии ба номи Зулфия» аз 10 июни соли 1999 таъсис ёфтааст. Ин ҷоиза ба духтарони болаёқати синнашон аз 14 то 30-сола дода мешавад. Ғолибон бояд бо фаъолияти иҷтимоӣ ва истеъдоди худ барои ҳамсолонашон намуна бошанд ва дар таҳсилу меҳнат муваффақиятҳои назаррас дошта бошанд. Мукофот ҳамасола ба 2 нафарӣ намоянда аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд – дар маҷмӯъ 28 нафар дода мешавад.

Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи ҷавонон ба ҷавонони истеъдодноки аз 14 то 30-сола дода мешавад. Ин ҷоиза ба онҳое тақдим мегардад, ки дар таҳсил, фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва истеъдодашон барои ҳамсолони худ намунаи ибрат мебошанд. Ин ҷоиза барои комёбиҳои барҷаста дар соҳаҳои илм, маориф, тиб, фарҳанг, адабиёт, санъат, истеҳсолот, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дода мешавад.

Системаи пайвастаи таълим ва тарбия, ки дар кишвари мо ташаккул ёфтааст, ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ба ҷаҳони тамаддуни иттилоотӣ ворид шаванд, аз дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир барои гирифтани дониш истифода баранд ва дар ин замони нави иттилоотӣ барои рушди шахсияти худ имкониятҳои объективӣ пайдо кунанд.

Дар соҳаҳои маориф, варзиш ва фарҳанг ислоҳоти зиёд амалӣ шуданд. Мактабҳои президентӣ, махсус ва эҷодӣ таъсис ёфтанд, шумораи ҷойҳои корӣ афзуд ва барои насли ҷавон имкониятҳои бештар муҳайё гардиданд. Яке аз ташаббусҳои муҳим – пойгоҳи иттилоотии «Дафтари ҷавонон» ҷорӣ карда шуд, ки барои муайян кардани мушкилоти ҷавонони бекор ва ниёзманд, таъмини онҳо бо дастгирии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ, инчунин баланд бардоштани дониш ва малакаҳои онҳо равона шудааст.

Дар соли 2023 шумораи хизматрасониҳо тавассути низоми «Дафтари ҷавонон» ба 30 намуд афзоиш ёфт. Ҳамчунин, муҳлати баррасии муроҷиатҳо аз 30 рӯз то 5 рӯз кӯтоҳ карда шуд. Тағйиротҳои амалишаванда аллакай натиҷаҳои намоён ба бор овардаанд. Дар се соли охир, ҷавонони Ӯзбекистон дар мусобиқа ва озмунҳои бонуфуз тақрибан 5,5 ҳазор ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардаанд.

Қонуни асосии кишвари мо кафолат медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ҷавонон, бо ҳифзи иҷтимоӣ фаро гирифта шаванд, шароити шоиста дошта бошанд ва имкониятҳои зиндагии онҳо бо имкониятҳои дигар гурӯҳҳои аҳолӣ баробар бошад. Дар асоси Конститутсия, давлат барои рушди комил, ҳифзи ҳуқуқ ва омодасозии ҷавонон ба зиндагӣ дар ҷомеа, инчунин дастгирии мақомоти маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳо, ки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии насли ҷавонро таъмин мекунанд, чораҳо меандешад (моддаи 79-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон).

Қонунҳои «Дар бораи маориф», «Дар бораи кафолатҳои ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи фарҳанги ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи пешгирии бесаробонӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва дигар санадҳо заминаи ҳуқуқии татбиқи онро фароҳам овардаанд.

Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои истифодаи меҳнати ноболиғон (моддаи 491) ва маҷбуран ба меҳнат ҷалб кардани онҳо (моддаи 51) ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ мекунад. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (моддаҳои 148? ва 148?) барои чунин амалҳо, ки пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шудаанд, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.

Бо назардошти ин, Қонуни махсус «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки ҳадаф, вазифа, самт, мазмун ва шаклҳои ин сиёсати давлатиро дар асоси низоми мукаммал муайян намуд.

Қонуни мазкур сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун маҷмӯи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию ҳуқуқӣ муқаррар намуд, ки давлат онҳоро барои фароҳам овардани шароит баҳри ташаккули иҷтимоӣ ва рушди потенсиали зеҳнӣ, эҷодӣ ва дигар иқтидори ҷавонон татбиқ менамояд. Ин қонун инчунин мафҳуми дақиқи «ҷавонон»-ро муайян кард, ки онро шахсони аз чордаҳ то сисоларо дарбар мегирад.

Аз ин рӯ, сиёсати давлатии ҷавонон маҷмӯи ҳадаф, вазифа, функсия, стратегия, тадбир, шакл ва усулҳои татбиқшавандаро дар соҳаи ҷавонон фаро мегирад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти давлатро дар ин соҳа муайян намуда, механизми ташкилию ҳуқуқии ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро таҳким мебахшад.

Дар муқоиса бо Қонуни қаблӣ «Дар бораи асосҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (соли 1991), қонуни нав самтҳои афзалиятноки ин сиёсатро бо назардошти таҳдидҳо ва ниёзҳои имрӯза мустаҳкам намудааст. Қонуни мазкур муқаррар менамояд, ки барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва монанди ин барои дастгирии ҷавонон қабул карда шаванд. Вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти татбиқкунанда ва иштирокчии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин масъулияти онҳо дақиқ муайян шудаанд.

Барои татбиқи самараноки сиёсати ҷавонон зарур аст, ки равишҳои наве истифода шаванд, ки ниёзҳои ҷавононро ба инобат мегиранд. Ба чунин равишҳо метавон усули ҳалли муштараки масъалаҳои сиёсати ҷавононро шомил кард, ки дар он ҷавонон ҳангоми арзёбии ҷараён ва натиҷаҳои сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун коршинос иштирок мекунанд. Бе чунин ҳамкории фаъоли ҷавонон татбиқи самараноки сиёсати ҷавонон ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, бояд ба масъалаи кор бо ҷавонони ғайрифаъол ва гузаронидани корҳои мақсаднок бо онҳо диққати махсус дода шавад. Масалан, дар доираи лоиҳаи ихтиёрии Street Law, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд амалӣ мегардад, донишҷӯён бо истифода аз усулҳои интерактивӣ ба хонандагон ба принсипҳои асосии ҳуқуқро, ки дар ҳаёти ҳаррӯза заруранд, меомӯзанд.

Қадами дигар дар ин самт метавонад ташкили «кластерҳо оид ба кори иҷтимоию ҳуқуқӣ бо ноболиғон» бошад. Ин модели ташкили кор бо наврасони мушкилтарбия бо ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо истифода аз системаи «оила – маҳалла – мактаб – ҳаёти мустақил» метавонад натиҷаҳои мусбат ба бор оварад.

Ҷавонони Ӯзбекистон дорои потенсиали бузург дар рушди кишвар мебошанд. Ҳадафмандӣ ва дониш, неруи эҷодӣ ва рӯҳияи соҳибкории онҳо ба омили калидӣ дар расидан ба рушди устувори Ӯзбекистон табдил меёбанд.

Тавре Президент Шавкат Мирзиёев таъкид намудааст: «Мо тамоми қувва ва имкониятҳои давлат ва ҷомеаи худро сафарбар мекунем, то ҷавонони мо дорои тафаккури мустақил, потенсиали баланди зеҳнӣ ва маънавӣ бошанд, дар ҳеҷ соҳа аз ҳамсолони худ дар дигар кишварҳо қафо намонанд, хушбахт ва ба ояндаи худ итминон дошта бошанд».

Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: