ШУҶОАТИ ПАДАРОН

Аз Ӯзбекистон беш аз 1,5 миллион нафар ҷавонмардон ба ҷанг сафарбар гардиданд, ки онҳо дар озодкунии Полша, Чехословакия, Руминия, Булғория, Венгрия, Югославия ва Албания аз фашизм иштирок карданд. Барои мардонагӣ ва ҷасорати ҷанговаронаашон 338 нафар ӯзбекистониён сазовори унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд. Беш аз 120 ҳазор нафарашон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. 400 ҳазор нафар фарзандони шуҷоатноки мамлакатамон дар майдонҳои ҷанг қурбон гардиданд.

Ҳоло мо дар арафаи пешвозгирии 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон қарор дорем. Тавре ки маълум аст, ин ҷангро моҳи сентябри соли 1939 фашистони Олмон оғоз намуда, қариб дар давоми ду сол аз пайи ба даст даровардани Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ шуданд. 22 июни соли 1941 бошад, онҳо бо ҳамроҳии иттифоқчиёни худ ба давлати сермиллати Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум сар карданд. Дар назди худ мақсад гузоштанд, ки ин давлатро дар давоми 3-4 моҳ ғасб мекунанд, аммо ин тавр нашуд. Ҳама як тану як ҷон шуда, ба муқобили душман бархестанд.

Даҳҳо ҳазор нафар ӯзбекистониён низ чун мардуми дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯзи аввал ба ҷанг сафарбар карда шуданд. Онҳо дар муҳорибаҳои заминҳои Русия, Белорусия, Украина, Латвия, Литва, Эстония ҷонбозӣ карданд. Аз Ӯзбекистон беш аз 1,5 миллион нафар ҷавонмардон ба ҷанг сафарбар гардиданд, ки онҳо дар озодкунии Полша, Чехословакия, Руминия, Булғория, Венгрия, Югославия ва Албания аз фашизм иштирок карданд. Барои мардонагӣ ва ҷасорати ҷанговаронаашон 338 нафар ӯзбекистониён сазовори унвони олӣ – Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд. Беш аз 120 ҳазор нафарашон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. 400 ҳазор нафар фарзандони шуҷоатноки мамлакатамон дар майдонҳои ҷанг қурбон гардиданд.

Ӯзбекистониён нафақат дар мубориза ба муқобили душман ҷасорат нишон доданд, балки дар ақибгоҳ коргарони заводу фабрикаҳо, роҳиоҳанчиён, табибон, кишоварзон, хонандагон бо меҳнати самараноки худ барои Ғалабаи бузург ҳисса гузоштанд.

Мардум бо роҳнамоии сарвари ҷумҳурӣ Усмон Юсуфов, ки «Маршали ақибгоҳ» ном гирифта буд, шабу рӯз дар корхонаҳои саноатӣ, дар саҳроҳо кор карда,  барои фронт маҳсулот истеҳсол намуда, мефиристоданд. 300 корхонаи саноатии республика барои фронт беист кор мекард.

Дар солҳои 1941-1945 Ӯзбекистон барои фронт 1010 самолёт, 8243 авиадвигател, 1373 миллион дона снаряд ва мина, 154 миллион дона бомба, ба миқдори зиёд дорую дармон истеҳсол намуда фиристоданд. Деҳқонон 4,8 миллион тонна пахта, 1 миллион тонна ғалла ва 25 фоизи шакарқанди иттифоқро истеҳсол мекарданд. Ҳангоми муҳосири Ленинград 100 вагон биринҷ, 60 вагон меваи хушк, 30 вагон либосу пойафзори чармин  фиристоданд.

Дар солҳои ҷанг дар ҳудуди республика 115 госпитали ҳарбӣ амал карда, дар он саломатии 54242 нафар ҷанговар барқарор гардид. Ҳамдиёрони мо беш аз 200 ҳазор нафар кӯдакони миллатҳои гуногуни ятиммондаро ба оғӯши гарми худ гирифта, ним бурда нонашонро бо онҳо баҳам диданд, барои ҷанговарони захмдор бошад, 10,5 ҳазор литр хун супурданд.

Дар бораи корномаи ӯзбекистониён дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон китобу кинофилмҳои бисёр офарида шудааст, ки ҷасорату шуҷоати мардуми моро намоиш медиҳад.

Сол аз сол шумори иштирокдорони ҷанг дар мамлакатамон кам шуда истодаанд.  Соли гузашта дар деҳаи мо намояндаи охирини иштирокчии ҷанг аз олам чашм пӯшид. Ҳоло 3-4 нафар намояндаи меҳнати ақибгоҳ, ки он гоҳ 13-14-сола будаанду дар саҳро ҷавлон мезаданд, дар қайди ҳаёт мебошанд.

Бо наздикшавии Рӯзи Ғалаба мо бояд чунин ҷоннисориҳои ҳамдиёронро бори дигар ба ёд оварем. Мазмуну моҳияти ин ҷангро ба ҷавонону наврасон фаҳмонем, онҳоро аз корнамоии падарону модарон ибрат гирифтан сафарбар намоем. Бо ин роҳ мо ба тарбияи ватанпарварӣ, шуҷоатнокӣ ва ҷасоратнокии насли наврас ҳисса мегузорем.

Назирҷон Эргашев,

ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: