Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллӣ тақдимоти китобҳои “Дафтари беварақ” ва “Дарёҳои бесоҳил”-и узви Иттиҳодияи журналистон, Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон Маматқул Ҳазратқуловро баргузор намуд.
Дар гирдиҳамоӣ журналистон, адибон, устод-профессорон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи муассисаҳои таълими олӣ ширкат ҷустанд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодияи журналистон Холмурод Салимов доир ба ғамхориҳои сарвари кишварамон ба аҳли илму адаб, фарҳанг, адиби шинохтаву журналисти номвар – Маматқул Ҳазратқулов, мӯҳтавои мухтасари китобҳои тозаэҷоди ӯ сухан ба миён овард.
Маматқул Ҳазратқулов соли 1947 дар деҳаи Мингбулоқи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд дида ба дунё кушода, баъд аз хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд дар ҳафтаномаи “Ӯзбекистон адабиёти ва санъати”, девони Президент, ӮзА, ширкати “Ӯзбеккино”, маҷаллаи “Гулистон” ифои вазифа намудааст.
М. Ҳазратқулов аз адибони пурмаҳсул ба ҳисоб меравад. Асарҳои ӯ “Мурғи сафед”, “Чӯли ироқ”, “Интизор”, “Ҷуръат”, “Як пораи умр”, “Офтоб бо ман аст” рӯйи чопро дидаанд. Чанд песаю новеллааш рӯйи саҳнаро дидаанд. М. Ҳазратқулов чун тарҷумони моҳир асарҳои адибони тоҷик, рус, озар, тотор, ҷопон, гурҷиро ба забони ӯзбекӣ баргардондааст.
Китоби “Дарёҳои бесоҳил”-и ӯ асари бадеӣ-публитсистӣ буда, чаҳор бобро дар бар мегирад. Дар боби “Дарёҳои адабиёт” ҳаёт ва эҷоди Миртемир, Асқад Мухтор, Одил Ёқубов, Абдулло Орипов, Барот Бойқобилов, Ӯлмас Умарбеков ва дигарон мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Дар боби “Дарёҳои санъат” доир ба дарғаҳои санъат – Лутфихонум Саримсоқова, Олим Хӯҷаев, Набӣ Раҳимов, Шукур Бурҳонов ва дигарон сухан меравад.
– Ба муаллиф ҳавас кардам, – мегӯяд дар баромади худ профессор Нурбой Ҷабборов, – бо адибону санъаткорони машҳурамон ҳамсуҳбат шуда, дар бораи онҳо эссе навиштааст. Асар ба сифати манбаи маънавӣ солиёни зиёд ба насли оянда хидмат хоҳад кард.
Китоби “Дафтари беварақ”-и адиб ҳикояву лавҳаҳои ӯро дар бар мегирад. Дар ин бора худи муаллиф гуфтааст: “Китоби мазкур аз воқеоте иборат аст, ки дар он бевосита худам иштирок кардаам ва он бе пардозу андози бадеӣ иншо шудааст”. Доктори фалсафа оид ба фанҳои сиёсӣ Лазиз Раҳматов ба асари мазкур пешгуфтор навишта, ба он “Дафтари ҳаёти инсони олиҷаноб” ном гузоштааст. Дар ҳақиқат воқеаҳои ҷолиби дар асар мавриди тасвир қароргирифта касро ба мутолиа водор месозанд. Асар аз воқеаҳои даври бачагии адиб оғоз ёфта, фаъолияти 60-соли ӯро дар худ таҷассум намудааст.
Китобҳои ба оммаи васеи хонандагон пешбинишуда, махсусан ба донишандӯзони соҳаи журналистика чун дарси ҳаёт ва мактаби маҳорат хидмат хоҳад кард.
Гулҷаҳон Кабирова,
хабарнигори “Овози тоҷик”.