Шаҳри гунбадҳои обӣ, Тошканд, Дилрабову дилфиребу дилписанд.
ЁДДОШТИ ТОШКАНД
Шаҳри гунбадҳои обӣ, Тошканд,
Дилрабову дилфиребу дилписанд.
Дар кафи саҳрои бе ҳадду канор,
Ҳамчунон мағруру сабзу сарбаланд.
Нусхаи навгаштаи Чочи куҳан,
Гавҳари Фарғонаву ҷуфти Хуҷанд.
Сарнавишти мо ба ҳам печидааст,
Зарра-зарра, ришта-ришта, банд-банд.
Моҳтобат бар сари бурҷи Минор,
Дар қабои парниёнии паранд.
Рӯди Анҳор аз шикасту басти ту,
Роз дорад мавҷ-мавҷу чанд-чанд.
Боргоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ,
Хиттаи Оҳангарону ҷӯйи Занд.
Шаҳри Бадри Чочиву Шайхи Таҳур,
Ҳар қадам, ҳар ном ин ҷо арҷманд.
Ним Челонзору нимаш Себзор,
Ним Боғистону нимаш Порканд.
Аз камоли файз дар Боғишамол,
Токи ангураш фаровардаст қанд.
Дар биҳишти Чорсӯ омехтаст,
Бӯйи уду анбару дуди сипанд.
Ҷойи нону об ин ҷо одамон,
Шири мурғу ҷони одам мехаранд.
Шаҳри фарҳангу китобу офтоб,
Хонаи осудаи ҳар шаҳрванд.
Шаҳр не, як саҳнаи созандагӣ,
Бурҷҳо бар осмон сар мекашанд.
Ҷовидонӣ бод эҳёи нават,
Шодмонӣ кун, ҷавонӣ кун, биханд.
Дӯстии мо бимонад пойдор,
Душманони дӯстӣ хору нажанд!
Абдуллоҳи РАҲНАМО,
Тоҷикистон
***
ОБОД ШАВАД ҶАҲОНАМ...
Эй бохабар аз ғами ниҳонам,
Лутфе бикуну карам ба ҷонам.
Дар дидаи қалб чеҳра бинмо,
К-аз ёди ту сӯхт устухонам.
Аз ишқи ту дил тапад шабу рӯз,
Бар ёди ту меравад равонам.
Тӯмори балову чашмзахм аст
Номи ту ҳамеша бар забонам.
Дар ҳолати ваҷд вожаҳое
Ояд ба даҳон, ки худ надонам.
Гаҳ бо худу гоҳ бехуд астам,
Гаҳ барги тарам, гаҳе хазонам.
Гар зарраи лутф созӣ эҳдо,
Обод шавад ҳама ҷаҳонам.
ЗИНДАГӢ
Мекашам бар дӯш бори зиндагӣ,
Чун ба дил дорам хумори зиндагӣ.
Мешавам ҷорӣ ба кӯйи орзу,
Ҳамчу рӯди беқарори зиндагӣ.
Аз хазони рӯзгорон дам мазан,
Дӯст медорам баҳори зиндагӣ.
Рӯй меорам ба борон ҳар сафар,
То барад аз дил ғубори зиндагӣ.
Ғофилӣ то чанд, ногаҳ бигзарад
Рӯзҳои бешумори зиндагӣ.
Қалбро байтулмуҳаббат мекунам,
Ишқ бошад иқтидори зиндагӣ.
Далершоҳ Неъматов,
ш. Тошканд.