Зиёда аз 1 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ ба хориҷ рафтанд

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор дар моҳҳои январ-феврали соли 2025-ум 1 032,2 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади сайёҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ сафар карданд.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, шумораи онҳо 182,2 ҳазор нафар ё 21,4 фоиз зиёд шудааст.

Шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ бо мақсади сайёҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, чунин мебошад:

  • Ҷумҳурии Қирғизистон – 422 572 нафар;
  • Тоҷикистон – 193 348 нафар;
  • Қазоқистон – 154 716 нафар;
  • Арабистони Саудӣ – 81 173 нафар;
  • Русия – 48 029 нафар;
  • Туркия – 33 039 нафар;
  • Амороти Муттаҳидаи Араб – 31 787 нафар;
  • Миср – 11 078 нафар;
  • Тайланд – 10 803 нафар;
  • Ветнам – 7 876 нафар;
  • Дигар кишварҳо – 37 740 нафар.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: