Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад

  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад
  • Президенти Ӯзбекистон ба Хуҷанд омад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд омад.

Дар фурудгоҳ роҳбари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Ба ифтихори омадани роҳбари Ӯзбекистон парчамҳои давлатии ҳарду кишвар барафрохта шуданд. Намояндагони фарҳанг ва санъат барномаҳои мусиқию рақсҳои миллӣ намоиш доданд.

Имрӯз мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мегардад.

Тибқи рӯзномаи вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ мешаванд.

Бинобар натиҷаи музокирот ба имзо расондани Шартнома дар бораи нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст.

Президентони кишварҳо ҳамчунин дар консерти муштараки устодони санъат иштирок хоҳанд кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: