Мутобиқи барномаи чорабиниҳо дар сатҳи олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров стелаи «Дӯстӣ»-ро дар минтақаи пайвасти марзҳои давлатии се кишвар ботантана ифтитоҳ карданд.
Муовинони сарвазирони се кишвар тавассути видеоконфронс ба сарони давлатҳо оид ба анҷоми корҳои сохтмонӣ ва омодагии иншоот гузориш доданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ин муҷассама ҳамчун рамзи нави таҳкими равобити дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикии стратегии кишварҳои бародар хизмат хоҳад кард.