ДӮСТИИ ХАЛҚҲО ПОЯНДА БОД!

Имрӯзҳо дар доираи мулоқоти таърихии сеҷонибаи сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар гӯшаву канори мамлакати мо, дар минтақаҳои дурдасти кишвар таҳти шиорҳои “Мамлакате, ки дӯстиву ҳамҷиҳатиро арҷ мегузорад!”, “Қудрати мо – дар муттаҳидӣ ва ҳамҷиҳатӣ”, “Дӯстии халқҳо поянда бод!”, “Ҳамҷиҳатии миллӣ – асоси осудаҳолӣ” ва ғайра чорабиниҳои маънавӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ идома доранд.

Яке аз чунин чорабиниҳо таҳти шиори “Мамлакате, ки дӯстиву ҳамҷиҳатиро арҷ мегузорад!” дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои “Яккатут” ва “Навобод”-и ноҳияи Бӯстонлиқ чорабиниҳои маънавӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳокими ноҳия Ҷ.Аҳмадов, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқадорон, ҷавонони фаъол ва сокинони маҳаллаҳо иштирокдорони чорабинӣ буданд. 

– Таъмини ҳамҷиҳатии миллӣ ва фарохдилӣ, таҳкими муҳити дӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пос доштани урфу одатҳо аз самтҳои устувори сиёсати давлат ба шумор меравад, – гуфт ҳокими ноҳия Ҷ.Аҳмадов. – Баргузории чунин чорабиниҳо низ маҳз барои мустаҳкам гардидани ғояҳои дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа хидмат мекунад.

Дар доираи чорабинӣ “Боғи дӯстӣ” бунёд гардида, масъулони ноҳия ва фаъолони маҳалла аз рӯзгори оилаҳои ниёзманд хабар гирифта, ба онҳо кумак расониданд. Мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандӣ, китобҳо ташкил гардид.

Инчунин, иштирокдорон бо арзиш, урфу одат, санъат ва фарҳанги миллат ва халқиятҳои гуногун, ҳамзамон бо рафти тайёр кардани тамоҳои миллӣ шинос шуданд. Бонувони маҳалла сумалак пухта, пешкаши меҳмонон карданд.

Барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби шуъбаи фарҳанги ноҳия пешкаш гардид, дар ҳозирин таассуроти фаромӯшнопазир гузошт.

Хидмати матбуоти ҳокимияти ноҳияи Бӯстонлиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: