Баргузории мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар он имзо гардидани созишнома “Дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ” на танҳо аз нигоҳи сиёсӣ, балки аз назари таърихию фарҳангӣ низ рӯйдоди муҳим ба шумор меравад.
Ин мулоқот дар ҳамкории мутақобилаи боваринок ва самимонаи байни мамлакатҳои минтақа саҳифаи навро боз намуда, дар роҳи паси сар гузоштани душвориҳои гузашта қадами муҳим гардид.
Мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар давраи аввали истиқлолият ба як қатор мушкилот ва зиддиятҳо дучор шуда буданд. Бахусус, мушкилоти марбут ба масоили марзӣ ба зиндагии рӯзмарраи мардуми мо таъсири манфӣ расонидааст.
Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати фаъол ва конструктивии хориҷӣ, ки бо ташаббуси Президентамон Шавкат Мирзиёев амалӣ мегарданд, дар муносибатҳои минтақавӣ тағйироти мусбат ба амал омад.
Ба туфайли сиёсати мутақобилан оқилона ва сулҳҷӯёнаи сарони давлатҳо имрӯз сарҳад на чун омили ҷудокунандаи халқҳо, балки ба сифати муттаҳидкунанда намоён мешавад.
Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» сиёсати фаъоли хориҷӣ ва саъю талоши кишварамонро, ки ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунад.
Мо ташаббусҳои ба минтақаи ҳамаҷониба рушдёфта ва сулҳу субот пойдор табдил додани Осиёи Марказиро дар барномаи пешазинтихоботии худ чун ҳадафи афзалиятнок муайян карда будем.
Натиҷаи дигари муҳими вохӯрӣ дар шаҳри Хуҷанд – дар нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ бунёд гардидани стела (сутун)-и «Рамзи дӯстӣ» буд, ки рамзи дурахшони бародарии абадӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳои мо гардид. Ин ёдгории рамзӣ мероси воқеии таърихӣ хоҳад буд, ки дар дурнамои дарозмуддати муносибатҳои байни кишварҳои мо барои рушд хидмат мекунад.
Ҳамзамон, талошҳои сарони давлатҳо барои делимитатсияи марзҳо дар таъмини субот, рушди иқтисод ва некӯаҳволии мардуми минтақа аҳамияти бузург дорад.
Кушода шудани сарҳадҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи иқтисодӣ, бешубҳа, барои тавсеаи имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақавӣ роҳҳои нав боз мекунад.
Мо, «адолатчиён» ин рӯйдоди таърихиро чун қадами муҳим бобати фаровонӣ ва ояндаи осоиштаи халқҳоямон арзёбӣ намуда, дар равандҳои таҳкиму амиқтар шудани ҳамкориҳои минтақавӣ саҳм мегузорем.
Робахон МАҲМУДОВА, роҳбари фраксияи ҲСД “Адолат” дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.