Давлатҳои Осиёи Марказӣ соҳибистиқлол гардида бошанд ҳам, сарҳади байни онҳо муддати тӯлонӣ баста буд. Мардум дар ёд доранд, ки дар онҳо симтӯр кашидаву ба садҳо километр хандақ кофта буданд. Имрӯз бошад... замони доруламон расид. Ӯзбек бо қирғизу тоҷик чун додару бародари ҳамхун қадрдон. Ҷашну тӯю маъракаҳояшон бидуни ҳам намегузарад.
Роҳбарони се халқ, се давлат даст ба даст дода, аҳд карданд, ки барои бародарии азалӣ ёдгории абадӣ гузоранд. Дар паҳное, ки сарҳадҳои Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон мепайвандад, бунёди стеллаи “Рамзи дӯстӣ” ба анҷом расид. Дар ифтитоҳи он намояндагони се халқ иштирок карданд.
“Рамзи дӯстӣ” се дарахтеро мемонад, ки гӯё аз як реша сабзидаанд. Оре, дар ҳақиқат, халқҳои мо аз қадим чун се фарзанди як хонавода умр ба сар бурдаанд. Се навда, ки сар ба осмон кашидаанд, рамзи се давлати мустақил мебошад. Онҳоро як камарбанд бо ҳам мепайвандад. Ин – камарбандӣ дӯстӣ. Имрӯз бо ҳам бародари абадӣ будани се давлат, се халқ бо созишномае, ки президентҳо имзо карданд, тасдиқ гардид.
Дар рафти вохӯрии онҳо дар вилояти Суғди Тоҷикистон иҷозаи ифтитоҳи “Рамзи дӯстӣ” дода шуд. Муовинони сарвазири се давлат тасмаи алвонро бурида, “Рамзи дӯстӣ”-ро кушоданд. Дили ҳама саршори ифтихор гардид. Ҳамдигарро бо ин рӯз табрик карданд.
– Пештар пост гузошта буданд, ки барои дидорбинӣ рафта наметавонистем. Акнун бе ягон мушкилӣ ба Ӯзбекистон равуо мекунем. Президентҳо сиёсати халқпарварона пеш мебаранд, – гуфт сокини деҳаи Зартеши Боткени Қирғизистон А.Жусупов. – Пеш аз ҳама осудагӣ лозим аст. Аз вохӯрии имрӯза умеди калон дорем. Президентҳо гуфтанд, ки макони ягона, бозори ягона месозем. Соҳибкорӣ боз ҳам рушд мекунад.
– Дар сарҳадҳои Тоҷикистон – Қирғизистон – Ӯзбекистон мушкилоти зиёд вуҷуд дошт. Шавкат Мирзиёев дар ҳал кардани онҳо ташаббускор гардид ва ба мо ёрии калон расонд, – гуфт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода. – Орзуи халқҳои тоҷик ва қирғиз иҷобат гардид. Акнун дар масъалаи сарҳад ягон мушкил намонд. Ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаи президентҳои се давлат аст.
Бале, нақли ҳамсояаат осуда бошад, ту ҳам осудаӣ, барои ҳама баробар дахл дорад. Аз ин рӯ, одамон, ки он хоҳ ӯзбек аст, хоҳ қирғиз ва ё тоҷик аз имрӯзи худ розӣ.
– Дар замини тоҷикон се Президент дастро ба даст дода, “Рамзи дӯстӣ”-ро кушоданд. Ман зани хушбахтам. Якҷоя бо онҳо иштирокдори ин воқеаи таърихӣ гардидам, – гуфт Шоира Йӯлдошева, ки аз ноҳияи Исфараи Тоҷикистон омада буд. – Сарҳадҳо боз гардид, бародарии қадимӣ барқарор шуд. Шоири бузург Турсунзода низ чунин рӯзҳоро орзу карда буд.
– Имрӯз дар таърих мемонад. “Рамзи дӯстӣ” ёдгории оддӣ не. Ба макони муқаддаси се давлат, се халқ табдил меёбад. Мо, роҳбарони ҳукумат созишномаҳоеро, ки президентҳо имрӯз имзо карданд, албатта иҷро мекунем. Чунки онҳо барои абадӣ гардидани дӯстии халқҳои мо пойдевори мустаҳкам мебошанд, – гуфт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Бакид Торобоев.
Замонҳо мегузарад. Наслҳо нав мешаванд. Аммо ёдгорие, ки мерос гузошта шуд, тӯли асрҳо аз қарори инсонпарваронаи президентҳои се халқ, се давлат дар роҳи сулҳ, бародарӣ ва оянда гувоҳӣ хоҳад дод.
Муҳаммадҷон ОБИДОВ,
мухбири ӮзА.