Дар кишвари мо ба ҳифзи пурзӯри иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи баланд зоҳир мешавад. Ин таваҷҷуҳ дар дастгирии ҳамаҷонибаи оилаҳо, кӯдакон, занон, пиронсолон, шахсони маъюб, ҳалли масъалаи манзили ниёзмандон, таъмини шуғл, пешниҳоди таҳсили босифат, кумаки тиббии саривақтӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба таври васеъ инъикос меёбад.
Қарори Президент аз 18 июли соли 2024 «Дар бораи такмили куллии тартиби дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби давлат», самаранокии ин равандро боз ҳам баланд бардошта, ба аҳолӣ кафолати гирифтани кумаки иҷтимоии давлатӣ, инчунин ҳадафмандӣ ва натиҷабахшии онро таъмин менамояд. Ҳамаи тадбирҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби давлат дар асоси технологияҳои рақамӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ба гуфтаи мутахассисон, акнун Низоми иттилоотии «Корти иҷтимоӣ» ҷорӣ гардида, равандҳои таъин, пешниҳоди пардохт ва субсидияҳои иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва кумакҳои иҷтимоӣ, мониторинг ва арзёбии онҳо, инчунин тамоми чораҳои дигари дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби давлат марҳила ба марҳила пурра автоматӣ карда мешавад.
Ин тартиб ниёзмандонро аз ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо барои дарёфти кумак ва пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин дигар чораҳои дастгирии давлатӣ озод намуда, имконияти гирифтани кумаки иҷтимоиро ба таври мақсаднок, дар муддати кӯтоҳ, аз масофа ва ба таври проактивӣ фароҳам меорад.
Қарори мазкур имтиёз ва сабукиҳои дигарро низ пешбинӣ мекунад, ки он ҳама яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат маҳсуб шуда, дастгирии ҳамаҷонибаи иҷтимоии аҳолиро нишон медиҳад.
Аз ҷумла, аз 1 апрели соли ҷорӣ, марҳила ба марҳила, ҳангоми тасдиқи ҳолати маъюбӣ, мақоми донишҷӯ, хонанда, иштирокчии ҷанг ё шахси ба иштирокчии ҷанг баробаркардашуда шакли коғазии шаҳодатнома ва гувоҳномаҳои маъюбӣ, шаҳодатномаҳои хонандагон, шаҳодатномаҳои мактабӣ, шаҳодатномаҳои собиқадорони ҷанг ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо роҳи иваз кардани онҳо бо кортҳои иҷтимоӣ бекор карда мешаванд. Барои шахсони дорои маъюбият ва имконияташон маҳдуд, имтиёзҳо барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва баҳрӣ, инчунин хидматрасонии мусофиркашонҳои бесамт татбиқ мегардад. Илова бар ин, барои дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки ҳуқуқи истифодаи имтиёзноки ин хидматҳоро доранд, ворид шудан ба объектҳои иҷтимоии давлатӣ, чорабиниҳои консертӣ ва намоишҳо, инчунин дигар барномаҳо ройгон ё бо пардохти қисман ба роҳ монда мешавад.
Аз 1 июли соли ҷорӣ, шахсони воқеие, ки ба «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ворид шудаанд, ҳангоми хариди молу хидматрасониҳое, ки дар санадҳои қонунгузорӣ муқаррар гардидаанд, маблағи пардохтшудаи андози арзиши иловашударо (ААИ) дар муддати як рӯзи корӣ баргардонида метавонанд.
Дар вилояти Сурхондарё низ аз 1-уми июли соли ҷорӣ пардохтҳои иҷтимоӣ ба таври марҳилавӣ тавассути корти иҷтимоӣ амалӣ мешаванд.
– Ҷорӣ шудани ин низом низ самари равшани арҷгузории қадри инсон дар кишварамон мебошад, – мегӯяд роҳбари хадамоти иттилоотии раёсати агентии миллии ҳифзи иҷтимоии вилояти Сурхондарё Азиз Машрапов. – Марҳилаи аввали лоиҳаи нав ҳамчун озмоиш дар шаҳри Тошканд ва ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд татбиқ гардид. Дар марҳилаи дуюм, аз 1-уми июли соли ҷорӣ, дар баробари дигар минтақаҳои кишварамон, дар вилояти мо низ 12 намуди пардохти иҷтимоӣ тавассути корти иҷтимоӣ анҷом дода мешавад. Барои ин раванд аз ҳоло омодагии ҳамаҷониба дида мешавад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, корти иҷтимоӣ афзалиятҳои зиёд дорад. Ин низоми марҳилавӣ барои аҳолӣ ва соҳибкорон имкониятҳои муосир фароҳам меорад. Ҳамаи ин чорабиниҳо дар асоси тамоюли «Инсон — ҷомеа — давлат» сурат гирифта, ба таъмини сатҳи зиндагии шоистаи ҳар як инсон нигаронида шудаанд.
Холмӯъмин МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.