ё худ назаре ба фаъолияти ибратбахши соҳибқалам
Инак, боз як баҳонаи одии ҳаётӣ қалам ба даст медиҳаду дилу дидаро ба кор, сайри андешаҳоро ба рӯзгор, ба рӯзгори пайванди оини ҷустуҷӯи меҳру муҳаббат дар чеҳраҳои мондагор мутаваҷҷеҳ месозад. Чунин ҳидоят дучанд мақбултар мешавад, агар мӯҳтавои чунин ибтикорот симое бошад, соҳиби ҷойгоҳи амиқу жарфо дар назари мардум. Гузашта аз ин, дар зиндагӣ шахсоне ҳастанд, ки бидуни муаррифӣ ва ё таърифу тавсиф аҳли ҷомеа ӯро ҳамеша бо некӣ, хушбинӣ, масрурият, футуввату заковати инсонияш пазироӣ мекунанд. Ба вай назари самимӣ доранд.
Қаҳрамони мо низ дар чунин тасниф, бидуни шубҳа, аз сатрҳои болоии рӯйхат ҷой мегирад. Чунки ӯ чун инсон худро шинохта, чун соҳиби касбаш худро дарк карда, чун узви ҷомеа масъулияти худро дониста, чун фарзанди миллат ба асолати худ рӯй оварда, ҳамарӯза баҳри беҳбудиву беҳдоштии рӯзгори инсонӣ камарбаста аст.
Ӯ аз зумраи ашхосест, зиндагиномаи онҳоро на дар баррасии далелу бурҳони иборат аз фалон сол то фалон сол дар ин вазифаву дар он мансаб, балки дар таҷзияи мазмуни амалҳояшон, дарёфти падидаи ноодии истеъдоду фитрати ҷустуҷӯяшон ба тасвир овардан, барои мардум нафъи бештару дарси ибрату сабақи хотирмон мебахшад. Вай дар суҳбат баъзан басо содагӯю ҷӯё ба назар мерасад. Ҷустани посухи чунин фазилатҳо айнан симои ботинии ӯ, аслияти камолу хиради ӯро ба кас ошкор мекунанд.
Сарсухани китоби ӯро ба унвони «Фарзандони фарзонаи Фарғона» хондаму ба худ гуфтам, ки воқеан роҳи зиндагиаш якранг равону, дастовардҳои касбиаш ҳамеша муфту бедардимиён, рӯзгораш «мерос»-и падару обрӯву эътибораш «осмонӣ» ба даст наомадаанд. Баръакс, дар замири ҳар як аз нукоти пурнишоти имрӯзааш саъю кӯшиши пайваста, меҳнати пурсамар, иродаи матин, муҳаббат ба зиндагиву рӯзгор, сабру тоқати сангин ба омаду ноомади тақдир ва албатта, худшиносиву худогоҳии тавъам бо хоксории ӯро дарёфтан равост.
Дар як деҳаи дурдасти ба ном Ҳушёр, ки андаруни кӯҳҳои сарбафалаку дорои табиати инҷиқу зарфаш танг, дар иҳотаи мардуми қирғиз ба дунё омада, ба сифати як фарзанди огоҳ ба воя расида, дунё дидааст. Чандин мамоликро гаштаву омӯхта, аз назари комили коршиноси варзида хулосаҳо бардошта, дар нигориши рӯзмаррааш ба муштариёни ахбори умум фикре ҷолиб, мулоҳизае нафъовар манзур менамояд.
Журналист, тарҷумон, эҷодкор. Ин ҳалқаҳои ногусастанӣ дар фаъолияти журналисти бомаҳорати касбӣ, тарҷумони серҷанбаву варзида, эҷодкори рангинхаёл.
Маҳз аз мӯҳтавои мазмуни фавқ, банда тасмим гирифтам, дар ин чанд сатри фишурда пайваста ба ҷашни мубораки камолоти маънавӣ, бозтоби хиради зеҳнӣ, тақвияти комили руҳӣ, оғози даҳаи ҳаштуми тақвимӣ дар умри бобаракат назари пурэҳтироми дӯстон, ҳамрозон, ҳамсолон, ҳамдилу ҳамзабононро манзури хонандагони арҷманд бирасонам.
Солҳои таҳсил дар бахши таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар курси шабонаи «журналистика»-и назди ҷамъияти «Дониш» низ соҳиби ҳуҷҷате шуда будам. Аз сабақҳои ҳаётии Воҳидҷон Асрорӣ, Иброҳим Усмонов ва боз чанд тан аз маъруфони соҳа баҳраманд шудан насиб гардида буд. Ба ёдам, ки дар машғулиятҳои амалӣ китоби И.Усмонов ба унвони «Материалҳо оид ба машғулиятҳои амалии журналистика» манбаи асосии омӯзиши мо буд. Оид ба ҳамаи жанрҳои журналистика машқҳои амалӣ ба анҷом расонида, ин ё он хабар, репортаж (рӯзмарраву, лирикиву суратдор), суҳбат (нақлу муколамаву лавҳаву мизи мудаввару анҷумани матбуотӣ), мухбирнома, мақола (директивӣ, тарғиботӣ, публитсистӣ, муаммоӣ), нигориш ва ҳоказоро дар ин ё он рӯзнома ба чоп мерасонидем. Ёдрас кардани ин порчаро аз ҳаёти донишҷӯӣ ба он хотир айни маврид донистам, ки хонандаи азизам бояд фаҳмад, симои қаҳрамони моро мукаммалу пурра ба риштаи тасвир кашидан, донистани баъзе аз ҷиҳатҳои нозуки касби ӯро тақозо менамояд. Дар он машғулиятҳои зикршуда, яке аз устодони номбурда ҳамеша мегуфт: сифати муҳими журналист, чизеро дониста худро нодон ҳисобидан, ҳодисаеро дида худро нодида гирифтан, вазъиятро фаҳмида худро нафаҳмида ҷилва додан аст. Пас, сабру таҳаммул, хоксорӣ муҳимтар аз ҳама будааст, барои журналист.
Инак, ба манзури Шумо, Мирасрор Аҳроров (Фарғонӣ).
***
Чанд андеша зимни иншои ин сатрҳо гӯё аз ғайб садо медоданд. Монологе ба вуқӯъ мепайваст. Содагӣ, ин чист? Ин хислатест, ки дар назари аввал шояд камарзиш ва одӣ намояд, лекин амиқтар бингарем, мебинем, ки он реша бузургӣ дорад. Бузургӣ танҳо дар донишу иқтидор ё мартаба нест. Бузург касест, ки бо ҳама новобаста аз мақому мавқеъ яксон муносибат мекунад, бе кибру ғурур, бе ниқоб ва бе эҳтиёҷи худнамоӣ. Одиву содагӣ ҳамин аст, яъне инсонро худӣ мекунад, ба одами ҳақиқӣ табдил медиҳад.
Дар асл, содагӣ маънои беақлӣ ё бетаҷрибагӣ нест. Баръакс, он нишони зеҳни баланд ва дилу нияти пок будааст. Касе, ки сода аст, худро аз дигарон боло намегузорад, балки ҳамеша дар талоши дарки ҳақиқат ва хидмат ба мардум аст. Пас гуфтаҳои устоди журналист шаҳодати он, ки қаҳрамони мо фидоии касби худ аст.
Бузургон на бо либоси зебо, на бо сарвати зиёд ва на бо суханҳои пурдабдаба шинохта мешаванд. Онҳо бо содагӣ, бо самимияти калому рафторашон дар хотирҳо мемонанд. Пас, содагии Мирасрори Фарғонӣ нишони бузургӣ аст.
***
Рости гап, журналистика натанҳо ҳунар, балки масъулияти пурфишорест, ки воқеиятро ба мардум мерасонад. Дар ин ҷода, шахсоне муваффақ ҳастанд, ки бо навишта, гузориш ва таҳқиқоти худ ба ҷомеа таъсири амиқ мегузоранд. Дарди мардумро чун дарди худ ифшо мекунанд, иллати ҷомеаро чун наштаре ба узви худ мепазиранд. Барои ҳамин, оне соҳиби касби худ шинохта мешавад, ки мегӯяд, меҷӯяд, мепӯяд.
Мирасрор яке аз чунин шахсиятҳост, ки тӯли фаъолияти худ бо ҷасорату ҳақиқатнигорӣ эътибор пайдо карда тавонистааст. Ӯ бо сабки хоси худ ҳодисаҳои муҳими рӯзро бозтоб дода, ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқат аст.
Фаъолияти касбии ӯ аз ибтидо дар расонаҳои бонуфуз, аз ҷумла васоити ахбори умуми марбути кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба ҳайси хабарнигори соҳибасолат ба худ заминаи қавӣ омода намуд. Аз он рӯзҳо то ба ин рӯзҳои барояш масрурбахш, навиштаҳояш дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бо таҳлили амиқ ва далелҳои мӯътамад фарқ мекунанд.
Барои заҳмату талошҳои хастанопазир, ӯ бо чандин ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст. Чунончи, ҷоизаи журналистии «Дейвид Бурк»-и Шӯрои иттилоърасонии ИМА, соли 2021 «Журналисти фаъоли сол»-и Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон, соли 2023 соҳиби мукофоти миллии «Олтин қалам», ҳамон сол соҳиби ордени «Дӯстлик» гардидан нишони эътирофи заҳмату истеъдод аст.
Бо вуҷуди комёбиҳо, ӯ ҳамоно бо садоқат ба касб ва масъулияти шаҳрвандӣ фаъолият дорад, то мардумро бо иттилооти дақиқ ва боэътимод таъмин созад.
***
Дар маҷомеи ҷаҳони имрӯз, ки иттилоот бо суръати баланд паҳн мешавад, нақши журналист ҳарчи бештар эҳсос мешавад. Журналист на танҳо хабарнигор, балки оинаи ҳақиқат, роҳнамои мардум ва ҳимоятгари адолат низ мебошад.
Журналисти маҳбуби мардум будан ва шудан осон нест. Ин шахс бояд содиқ ба касб, боинсоф ва ҷасур бошад. Вай бояд садои мардумро ба гӯши масъулон расонад, мушкилоти ҷомеаро бозгӯ кунад ва роҳи ҳалли онҳоро пешниҳод намояд. Маҳз чунин журналистон метавонанд боварии мардумро ба даст оранд ва дӯстдоштаи онҳо шаванд.
Маҳбубияти журналист аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза ба воқеият ва адолат пойбанд аст. Вай бояд ҳамеша ҳақиқатро ҷӯяд, хабарҳоро бе ғараз ва бе тамоюл ба гурӯҳи хосе инъикос кунад. Журналисти воқеан маҳбуб бо мардум аст, дар байни онҳо зиндагӣ мекунад ва дарду мушкилоти онҳоро эҳсос менамояд, чун Мирасрор.
Дар замони муосир, ки иттилооти бардурӯғ ва ғаразнок зиёд асту рӯзафзун мебошад, журналисти маҳбуби мардум он касе аст, ки ба ахлоқи касбӣ содиқ монда, рисолати худро бо масъулият иҷро мекунад. Чунин шахс бо матолиби худ метавонад ҷомеаро бедор созад, тафаккури мардумро тағйир диҳад ва барои беҳбудии зиндагии ҳамагон саҳм гузорад.
Ҳушёр, Сӯх, водии Фарғона, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, тоҷикони ҷаҳон – ин ҳама макони масири ташаккули шахсияти Мирасрор, сайри парвози ӯ баҳри камолот ва мондагории ӯст. Ҳамакнун, имрӯз, албатта дар сафи муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик», мо ҳам бо камоли ифтихор метавонем ва ҳақ дорем арз намоем, ки бародари азизи мо, маҳбуби мардуми Сӯхзамин, ҳамрози аҳли водии Фарғона, фарзанди бошарафи Ӯзбекистону Тоҷикистон Мирасрор Аҳроров воқеан чун журналист маҳбуби мардум, маърифатпарвару рӯшангари ҷомеа сазовори қадршиносист.
Абдуллоҳи Тоҳириён,
шаҳри Тошканд.