БАҲОР ФАСЛИ ГУЛҲОСТ

Бо фарорасии Иди Наврӯз фасли баҳор оғоз меёбад.

Фасли баҳорро арӯси сол меноманд, зеро маҳз дар ин фасл табиат ранги дигар, ранги зебову дилбар мегирад. Сабзаҳо қад мекашанд. Аввал бойчечак, бунафша, лола мешукуфанд, баъд гулҳои дигар ва дарахтони мевадору бемева гул мекунанд.

Онҳо табиатро зебу оро медиҳанд. Бад-ин ҳол умри касро дарозу меҳрашро нисбати табиату ҷамъият меафзоянд. Гузаштагони мо, «Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост», гуфтаанд. Камина, ки дар оғози фасли баҳор таваллуд ёфтааму ҳоло 88-умин баҳори  умрро пешвоз мегирам, гулу лола, чаҳ-чаҳи булбулони онро дӯст медорам.

Соли 1965 дар техникуми хӯроквории Самарқанд як сол шабона хонда, дар боғи рӯ ба рӯйи он, ки «Боғи обком» мегуфтанд, кор кардам. Ин боғ тамоми шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои вилоятро бо гулу ниҳолҳои гуногуни гул таъмин мекард. Агроному директори худро дошт. Ману ҳамкурсам Муродқул Самиев ҳамчун боғбон рӯзона кор мекардем. Ман дар ҳамин ҷо асрори боғбонӣ, гулпарварӣ, пайвандкунии гулу дарахтонро омӯхтам, ба гулпарварӣ меҳр мондам.

Аз ин сабаб то ҳол дар замини наздиҳавлигӣ хелҳои гуногуни гулҳои бисёрсола ва яксоларо парвариш мекунам.

Ҳангоми дар техникум хондан бо дӯстам Муродқул дар як ҳавлии рӯ ба рӯйи мактаби рақами 9-уми шаҳр – ҳавлии эшони Аббосхонбобо, ки ҳама Эшонбобо мегуфтанд, мезистем. Синнашон аз 85 боло буду маҳсӣ медӯхтанд. Мӯйсафеди обрӯманд буданд (ҷояшон ҷаннат бод). Он кас Акбархон ном писар доштанд, ки ҳамсоли ман буд. Ӯ ду гармхона дошт ва хелҳои гуногуни гулҳоро парвариш намуда, ба бозор бароварда мефурӯхт. Ман аз вай бисёр асрори гулпарвариро ёд гирифтам.

Ҳоло набераҳо ба ман кумак мерасонанд, гулҳоро парвариш намуда, онҳоро ба мактабҳояшон мебаранд, ба устодону муаллимонашон туҳфа мекунанд. Ман аз он хурсанд шуда, дӯстонам, гулпарварони моҳир Акбархон ва Муродқул Самиевро, ки 5-6 сол пеш аз олам гузаштанд, ба хотир меоварам. Аз онҳо ба ман олами гулҳо ёдгорӣ монданд.

Раҳматулло Шарифзода,

нафақахӯр аз вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: