Дар мактаби рақами 29-уми ноҳияи Бандихони вилояти Сурхондарё таҳти шиори «Нерӯи мо – дар ваҳдату дӯстӣ!» чорабинии густурдаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо кӯшиши ҳокимияти ноҳия ва ташкилоту идораҳои ҳомии қаламрав рӯйи кор омад ва як навъ идомаи тантанаҳои ҷашни мардумии Наврӯзи хуҷастапай муаррифӣ шуд. Дар он мардуми зиёди атроф, ки иборат аз тоҷикону ӯзбекон мебошанд, гирдиҳам омаданд. Ба ҷуз аз барномаҳои консертӣ, ки табъи ҳамаро хуш карданд, бозиҳои варзишӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла маҳсули дасти пазандагон ва дӯзандагони минтақа, оҳангарон ва ҳамчунин осори қадимаи ниёкону китобҳои гуногуни бадеиву илмӣ сурат гирифтанд.
Сухан бештар аз боби дӯстиву рафоқат рафта, барҳақ таъкид гардид, ки мардуми тоҷику ӯзбек аз қадимулайём паҳлӯи ҳам зиста, ба якдигар хеле унс гирифтаанд ва дар идомаи солҳо ба бародарони ҷонӣ мубаддал гаштаанд.
Бояд таъкид кард, ки мардуми маҳаллаи Зевар дар ибтидои соли 2001 аз кӯҳистони ноҳияи Сариосиё дар пайи нохушиҳои ҳамон айём ба ноҳияи Бандихон кӯчонда шуда буданд ва 25 сол боз дар ин ҷо зиставу рӯзгори худро дубора обод сохтаанд. Таълими фарзандони ин мардум дар мактаби рақами 29 ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Аз маълумоти ҳолдонҳо, дар ноҳияи Бандихон замоне боз як мактаби тоҷикӣ таҳти рақами 3 вуҷуд дошт, аммо ҳоло, мутаассифона, забони таълими худро тағйир додааст. Боғчаи кӯдакон низ дар Зевар гурӯҳи тоҷикӣ дорад.
Раҳбарони ҳокимияти ноҳия зимни ин чорабинии фарҳангӣ, ки дар мавзӯи дӯстиву рафоқат ва таҳаммулпазирии миллӣ буд, ваъда доданд, ки дар ҳалли мушкили пешомада чораҳои фаврӣ хоҳанд дид. Таъкид шуд, ки нафаре ҳақ надорад, ҳуқуқи қавму миллатҳои маскуни Ӯзбекистонро, ки дар Сарқонуни ин кишвар ба таври возеҳ дарҷ ёфтаанд, тахриб намояд ва боиси дилхирагиҳо гардад.
Ӯзбекистон ватани зиёда аз 100 миллату қавм мебошад ва тоҷикону ӯзбекон аз қадимитарин миллатҳои таҳҷойии ин марзу бум ҳастанд. Дӯстии онҳо дар сиёсати оқилонаи ҳукумати кишвар, хоса Президенти муҳтарами он Шавкат Мирзиёев, таҷассум шудааст ва умедворем то ҷовидонаҳо идома хоҳад ёфт.
Мусулмон Ҳакимов,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, мудири қисми илмии мактаби рақами 29-уми ноҳияи Бандихони вилояти Сурхондарё.