ва ё дар ҳисоби мучал то ба кай дарҳаму барҳамҳо идома мекунанд?
Маълум аст, ки Наврӯз натанҳо рӯзи эътидоли баҳорӣ ва оғози фасли баҳор, балки пеш аз ҳама рӯзи аввали моҳи Фарвардин (дар солшумории яздигурдӣ) ва ҳамал (дар солшумории ҳиҷрии шамсӣ) буда, Соли Нави хуршедӣ низ аз ҳамин рӯз ибтидо мегирад. Аз ин лиҳоз, Наврӯзро Навсол низ метавон гуфт, зеро Соли Нави бобоии мо аз ҳамин рӯз, ки ба 21-уми марти солшумории григорианӣ рост меояд, оғоз меёбад. Мувофиқан бо ин аз худи ҳамин рӯз ҳисоби соли дувоздаҳгонаи мучал, ки дар баъзе маҳалҳо «мӯлҷар» низ мегӯянд, тағйир ёфта, соли куҳан, ки бо исми ҷонваре номгузорӣ шудааст, ҷойи худро ба соли нави мусаммо ба ҷонвари дигар медиҳад. Ба ин тартиб аз Наврӯз ва Соли Нави 1404-уми ҳиҷрии шамсии имсола, ки мутобиқ ба 20-уми марти соли 2025-уми милодист, тибқи ҳисоби мучал Соли Мор оғоз мегирад ва то 20-уми марти соли 2026 идома ёфта, аз фардои он рӯз, яъне 21-уми марти соли 2026 ҷойи худро ба Соли Асп медиҳад.
Мушкил инҷост, ки солҳои охир бо фаро расидани Соли Нави милодӣ – 1-уми январ дар саҳафоти васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурати ин ё он ҷонвареро, ки дар тақвими мучал номашон ҳаст, оварда ҷор мезананд, ки фаразан: «Хайр, Соли Паланг, марҳабо Соли Харгӯш!», ки билкул ғалат аст, аммо бо омадани Наврӯз ва Соли Нави ниёгон, ба ёди касе намерасад, ки соли нави мучал низ даромадааст. Ин дар ҳолест, ки аслан соли нави мучал маҳз аз ҳамин рӯз оғоз меёбад.
Эътибор дода бошед, се моҳ қабл, рӯзҳои охири моҳи декабри соли 2024 ва аввали моҳи январи соли 2025 низ саҳифаҳои Фейсбук ва дигар бахшҳои шабакаи ҷаҳонии интернет ҳамин гуна навиштаҳо бо акси Мор пур шуда буданд, ки инак, Соли Наҳанг рафту Соли Мор омад. Ҳамчунин аз табиати мор ва хосиятҳои соле, ки ба номи ӯст, суханҳо гуфтанду шеърҳо навиштанд, аммо дар ин ду-се рӯзи ахир, ки Наврӯзи оламафрӯз рух намуду ҳамзамон бо он Соли Нави хуршедӣ ва тибқи тақвими мучал Соли Мор низ фаро расид, касе лаб намекушояд.
Хуб, мо ба қавмҳову халқҳои дигар коре надорем, русҳо масалан, асрҳо боз соли навро аз 1-уми январ пешвоз мегиранд, бигузоред соли мучалро низ, ки барои онҳо чандон аҳаммият ҳам надорад (зеро мучал тақвими шарқист), аз ҳамон якуми январ ҳисоб кардан гиранд. Аммо мо – тоҷиконро чӣ шудааст, ки дар ҳисоби мучал, ки «Соли бобоӣ» низ мегӯем, ба иштибоҳ роҳ бидиҳем?! Магар Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва даҳҳо бузургони дигари ҳамқавми мо набуданд, ки ин гоҳшумориҳоро дақиқан муайян карда, бо саҳеҳтарин ҷадвалу адвор пешкаши ҷаҳониён намудаанд ва дар бораи хосияти солу моҳу бурҷҳо андешаҳои пурқимате баён доштаанд? Бовар кунед, ҳамин гуна навиштаҳоро, ки маҳсули қалами ин ё он рӯзноманигор, шоир, нависанда ва ё муҳаққиқи камубеш шинохтаест, мебинаму ба ҳайрат меоям ва ба худ мегӯям, ки аз ин «дипломдорҳо» дида, бобои бесаводи ман Ҳасрати Зариф босаводтар ва ба қавли устод Лоиқ «Бесавод, аммо саводомӯзи сад омӯзгор» будааст, ки аз ин ё он ҳамсуҳбаташ соли мучалашро пурсида, дар як дам мегуфт, ки масалан «ту ба «Соли бобоӣ» (мучалро дар назар дошт) солат гӯсфанд, ба «Соли ҳукуматӣ» (тақвими имрӯзаи милодиро ҳамин тавр меномид) дар соли 1931 таваллуд шуда, 62-ро пур кардаву ба 63 қадам гузоштаӣ». Ва агар мусоҳибаш, фаразан гӯяд, ки ӯ охири зимистон, дар моҳи ҳут таваллуд шудааст, пас мегуфт: «ин тавр бошад, ту аз соли гӯсфанд кам баҳра бурдаӣ, ба соли ҳукуматӣ таваллудат 1932 мешавад»...
Бале, солҳои пеш дар деҳот аксари куҳансолон соли таваллуди худро намедонистанд, аммо аз нақли падару модар «чӣ будани солашон», яъне дар кадом соли мучал ба дунё омаданашонро медонистанд ва ба суоли «солат чист?» дарҳол посух медоданд, ки «наҳанг ё асп ё мурғ...» ва ғайра. Дар ин маврид шоҳиди чизи дигаре низ шудаам, баъзе бузургсолон, агар мучалашон ба номи ҷонваре номатлуб аз қабили муш, хук... бошад, ба суол дар мавриди синну сол посух медоданд, ки дар «аввали сол» (яъне соли муш) ва ё дар «охири сол» (соли хук) ба дунё омадаанд.
Онҳое, ки солашон саг буд, хислати маълуми ин ҷонварро дар назар дошта, мучали худро «вафодор» мегуфтанд. Ҳамчунин касе «солам маймун ё бӯзина» намегуфт, балки бо исми дигари арабии ин ҷонвар, ки дар тақвими мучал низ ҳамин ном омадааст, «ҳамдуна» ном мебурд. Дар соли гов таваллудшудагон низ гов не, балки «бақар» мегуфтанд. Ин албатта, як падидаи фарҳанги мулоқот ва одоби суханварию сухансанҷии халқи мост.
Хуб, худи мучал ё мӯлҷар чист, он чӣ гуна тақвим аст ва мо кай боз аз он истифода мебарем? «Мучал» ва «мӯлҷар» вомвожаҳои аслан туркӣ буда, ба маънии сол, таърих далолат мекунанд. Дар мавриди пайдоиши ин солшуморӣ, ки беш аз ҳазор сол ба ин сӯ гузаштагони мо – тоҷикон низ аз он ба тарзи густарда истифода мебаранд, муҳаққиқон назари гуногун доранд. Гурӯҳе агар баромади онро ба мардуми чинӣ ё ҷопонӣ нисбат диҳанд, иддае дигар онро солшумории туркӣ медонанд ва ба исботи ин қазия ривоятеро низ мисол меоранд, ки дар «Девон-ул-луғоти турк»-и Маҳмуди Қошғарӣ (асри ХI) омадааст.
Тибқи ин ривоят яке аз хоқонҳои турк мехоҳад таърихи ҷангеро, ки чандин сол қабл аз давраи ҳукмронии ӯ шуда гузаштааст, биомӯзад, аммо дар муайян кардани соли оғози он ҷанг иштибоҳ мекунад. Сипас, дар хусуси ин масъала бо вазирону сипоҳиёни худ машварат мекунад ва мегӯяд, ки мо дар муайян сохтани ин таърих чӣ қадар ба иштибоҳ роҳ дода бошем, пасояндагони мо низ ҳамон қадар, балки аз он бештар хато мекунанд. Пас, мо бояд бо такя ба дувоздаҳ моҳ ва дувоздаҳ бурҷи осмон, ки ҳар яке ному мавқеи худро доранд, ба дувоздаҳ сол низ ном бигузорем, то ин ки пас аз сари мо ҳисоби сол мувофиқи гардиши ҳамин солҳо ба тартиб дароварда шавад ва ин чиз аз мо чун ёдгоре боқӣ бимонад.
Сипас, хоқон ба шикор мебарояд ва бо дастури ӯ сипоҳиёнаш тӯқайзорро аз се ҷониб печонида гирифта, ҳайвоноти дохили онро ба самти дарёи сероби Ила мебароранд. Дувоздаҳ ҷонвар худро ба дарё андохта аз об мегузаранд. Аз ҳама пеш муш аз дарё мегузарад, бинобар ин ҳам соли нахустини тақвими нав «Соли Муш» ном мегирад. Пас аз ӯ гов (бақар), паланг, харгӯш, моҳӣ (наҳанг), мор, асп, гӯсфанд, маймун (ҳамдуна), мурғ, саг ва хук дарёро убур мекунанд ва мувофиқан ба солҳои баъдина номи онҳо дода мешавад.
Абурайҳони Берунӣ низ дар «Осор-ул-боқия» дар бораи ин солшумории дувоздаҳгона маълумот медиҳад. Муаллифи луғатномаи манзуми арабӣ ба форсии «Нисоб-ус-сибён», шоир ва донишманди тоҷик Абунасри Фароҳӣ (вафоташ соли 1242) ҳамаи дувоздаҳ ҷонварро, ки дар солшуморӣ номбар мешаванд, дар ду байт ба ин тартиб зикр кардааст:
Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ, наҳанг ояду мор.
В-он гоҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар гузашта таърихи бунёди ин ё он бино ё иморати бузург, рӯйдодҳои муҳимро бо ҳамин соли мучал вобаста мекарданд, ки масалан «ин мадраса дар соли наҳанг бунёд ёфтааст ва ё он ҷанг дар соли ҳамдуна сар шудааст» ва ғайра. Чунончи, устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» ба шеъру шоирӣ дилбастагӣ доштани падари худ Саидмуродхоҷаро ёдовар шуда, аз нақли ӯ рубоиеро мисол меорад, ки чун моддаи таърих дар соли бунёди айвони масҷиди Соктаре, ки дар соли мурғ аз тарафи Ҳидоятхоҷа (писарамаки падари Айнӣ) сохта шудааст, гуфта будааст:
Ҳидоятхоҷа – он устоди моҳир,
Ки бошад дар ҳунармандӣ ягона.
Ба соли мурғ ин айвон бино кард,
Бидеҳ бар «мурғ»-и ӯ ту «обу дона».
Ин ҷо «мурғ» ва «обу дона» моддаи таърих буда, ҳуруфи он мувофиқи абҷад ҳисоб карда шавад, соли 1303-юми ҳиҷрии қамарӣ бармеояд, ки мутобиқ ба соли 1885-уми милодист ва воқеан ҳам ба ҳисоби мучал соли мурғ аст.
Акнун меоем, сари он ки чӣ тавр аз рӯйи мучал метавон синнусоли ин ё он шахсро муайян кард. Аввалан бояд кас номи ин дувоздаҳ ҷонварро, ки ин тақвим аз он фароҳам омадааст, бо тартиб аз ёд донад. (Рубоии Абӯнасри Фароҳӣ, ки дар боло оварда шуд, дар ин бобат хеле ба кор меояд). Сониян чор амали риёзӣ – ҷамъу тарҳу зарбу тақсимро низ ба қадри кофӣ донаду дар ҳисоб ба иштибоҳ роҳ надиҳад.
Савум, андак аз асрори қиёфашиносӣ бохабар бошаду фаразан, марди панҷоҳсоларо ҳафтодсола гумон накунад...
Агар шумо низ аз ин ҳар се огоҳ бошед, метавонед зуд ва бехато синнусоли ин ё он шахсро бинобар мучали ӯ муайян бикунед. Масалан, аз солхӯрдае мепурсед, ки солаш чист, мегӯяд «бақар». Ба чеҳраи ӯ нигариста тахмин мекунед, ки аз шаст болост, яъне панҷ даври мучалро паси сар кардааст. (Ин ҷо ҳаминро низ бояд хотирнишон кард, ки даври аввали мучалро 13 сол ҳисоб мекунанд, яъне нӯҳ моҳи дар батни модар будани шахсро низ ба ҳисоб мегиранд). Хуб, 13+(4х12) мешавад 61. Сипас аз бақар то соли ҷорӣ, ки мор аст, ҳисоб мекунед. Аз он соли морро сарфи назар менамоед, яъне аз бақар то морро (бақар, паланг, харгӯш ва наҳанг), ки ҷамъ 4 солро дар бар мегирад, ҳисоб карда, онро ба 61 зам мекунед, мешавад 65. Пас, маълум мешавад, мусоҳиби шумо, ки солаш бақар (гов) буда, панҷ даври мучалро сипарӣ кардааст, соли равон ба 65 қадам гузоштааст.
Албатта, нафароне хоҳанд гуфт, ки дар замони муосир ин гуна тақвиму ҳисобҳои қадима ба кӣ лозим аст, вақте рӯзу моҳу соли таваллуди ҳар як инсон дар зодномаву шиноснома ва дигар асноди шахсиаш сабт гардидааст. Дуруст, мо ба ин эроде надорем. Хуб аст, ки бо истифода аз технологияи муосир ин гуна маълумотро, чи дар шакли хаттӣ ва чи рақамӣ, дар зудтарин фурсат дастрас карда, натанҳо синнусол, балки маҷмӯи иттилоотро дар бораи масалан қавмият, шаҳрвандӣ, кӣ будани волидайни ин ё он шахс муайян карда метавонем. Аммо, бо вуҷуди ҳамаи ин, мо набояд аз тақвимҳое монанди мучал, ки як ҷузъи ҷудонопазири таъриху фарҳангамон буда, аз замонҳои қадим то ҳол дар байни оммаи мардум машҳур аст, ноогоҳ бимонем. Ин масъала паҳлӯйи дигар низ дорад, ки ба таҷрибаҳои чандинасра ва боварҳои мардумӣ асос ёфтааст, яъне касе, ки масалан, дар соли наҳанг таваллуд шудааст, дорои ин ё он хислат хоҳад шуд ва ё дар соли муш ҳосили деҳқонӣ фаровон мешавад ва монанди инҳо...
Дар зер акси ҷадвали мучал барои қариб ду аср (аз соли 1900 то 2067), ки аз интернет дастрас карда шуд, пешниҳод мегардад, аммо бояд бигӯям, ки он низ чандон саҳеҳ нест, зеро барои ҳар як соли мучал як соли милодӣ нишон дода шудааст, ки дар асл ин тавр нест. Соли мучал, чунонки дар боло гуфтем, аз 21-уми марти ҳар соли милодӣ оғоз гардида то 20-уми марти соли баъдиро дар бар мегирад. Масалан, дар ҷадвали зерин барои Соли Харгӯш танҳо соли 1975 нишон дода шудааст, ҳол он ки мебоист барои саҳеҳияти он 21.01.1975 – 20.03.1976 навишта мешуд, ки як соли пурраи фарогирии ин соли мучалро нишон медиҳад.
Турдиқул ҲАСРАТОВ,
директори мактаби рақами 83-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё.