ВАРЗИШ – ВАСИЛАИ ДӮСТӢ

Чанде пеш, бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар маскани барҳавою мусоиди Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшани Тоҷикистон мусобиқаи байналхалқии гӯштии миллӣ баргузор гардид. Дар он 67 нафар намояндагону варзишгарони кишварҳои Эрон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат ҷустанд.

Аз бозе, ки муносибатҳои байни ду кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз нав барқарор шуду ҳамкориҳо густариш пайдо карданд, рафтуомади сокинони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар бештару қавитар гардид. Хосатан, алъон иштирок дар чорабиниву мусобиқоти гуногуни варзишӣ миёни намояндагони ду мардуми азалан дӯст ба ҳукми анъана даромадааст.

Чанде пеш, бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар маскани барҳавою мусоиди Қалъаи Муғтеппаи шаҳри Истаравшани Тоҷикистон мусобиқаи байналхалқии гӯштии миллӣ баргузор гардид. Дар он 67 нафар намояндагону варзишгарони кишварҳои Эрон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат ҷустанд.

Ин мусобиқаи хотирмон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он паҳлавонон аз рӯйи вазнҳои 61 кг., 71 кг., 86 кг. ва +86 кг. ҳамчунин паҳлавондухтарони вазнашон то 57 кг. қувваозмоӣ намуданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз паҳлавонони ӯзбекистонӣ, аз қабили Ситора Элмуродова дар вазни то 57 килограмм ҷойи чаҳорум, Умед Эсанов 86 килограмм ҷойи сеюм, Шералӣ Ҷӯраев +86 килограмм ҷойи чаҳорум, Муҳсин Ҳисомиддинов +86 килограмм ҷойи савум, Бекмурод Олтибоев +86 килограмм ҷойи аввалро соҳиб гаштанд. Шоҳҷоиза – автомобили электромобил, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд, ба таври тантанавӣ ба ғолиби мутлақ Бекмурод Олтибоев супорида шуд.

Бекмурод Олтибоев соли 1996 дар вилояти Сурхондарё таваллуд шудааст. Вай нахустин ғолибиятро соли 2015 бо гирифтани медали тилло дар мусобиқаи Ҷоми Осиё ба даст оварда буд. Худи ҳамон сол дар чемпионати Осиё, ки дар Бангкок байни наврасон баргузор шуд, соҳиби медали нуқра гардид.

Аз соли 2020 дар ҳайати тими яккачини Ӯзбекистон баромад мекунад, иштирокдори Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио аст.

Шоҳҷоиза муборак, Бекмурод!

Солеҳ МУҲАММАДҶОН.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: