ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ВА РОҲБАРОНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ЯКҶО ДАРАХТ ШИНОНДАНД

Дар поёни музокироти сатҳи олии Ӯзбекистону Аврупо маросими ниҳолшинонӣ доир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен дар хиёбони Маркази конгресси шаҳри Самарқанд ду бех ниҳоли дуб шинонданд.

Маросими ниҳолшинонӣ боз як рамзи то рафт таҳким ёфтани дӯстӣ, ҳамкориҳои бисёрҷанба ва муносибатҳои шарикии Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: