Чанде пеш китобе бо номи «Бузургмардони Худо» аз тариқи нашриёти «Afzalzoda books»-и шаҳри Тошканд ба муносибати таҷлили 85-солагии Шайх Аҳмадҷон Махдуми Ҳанафӣ Нақшбандии Муҷаддидӣ рӯйи чопро дид.
Солҳои охир дар кишварамон дар раванди эҳёи арзишҳои маънавию маърифатӣ, омӯзиши ҳаёт ва мероси алломаҳои бузург, ба таҳқиқ ва тарғиби таълимоти хоҷагон-нақшбандия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар байни маърифатдӯстони мамлакат олимони нуктасанҷу донандаи илмҳои таърихӣ бисёранд, ки туфайли онҳо мо саҳифаҳои таърихи бостониро азнав варақ зада, навигариҳои илми он замонро барои худамон бори дигар кашф менамоем.
Аз ҷумла, ба қарибӣ китобе бо номи «Бузургмардони Худо» аз тариқи нашриёти «Afzalzoda books»-и шаҳри Тошканд ба муносибати таҷлили 85-солагии Шайх Аҳмадҷон Махдуми Ҳанафӣ Нақшбандии Муҷаддидӣ рӯйи чопро дид. Муаллифи китоб ҷавони боиқтидору серғайрат ва ҷӯянда Маҳкам Ҷаъфарзодаи сариосиёӣ мебошад.
Дар ин асар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти донишманди фарзона ва шахсияти барҷаста Аҳмадҷон Махдуми Нақшбандӣ, падари эшон Домулло Шоҳмурод ва дигарон сухан меравад. Китоби мазкур аз се қисм: «Домулло Шоҳмурод ибни Розиқ», «Ҳазрати Аҳмадҷон Махдуми Нақшбандии Муҷаддидӣ» ва «Се мақола» иборат аст.
Тавре ки дар сарсухани, китоб доктори фалсафа оид ба илмҳои филология Хусрави Саъдуллоҳ мегӯяд: «Китоби дами даст дар роҳи аз наздиктар шинохтани шахсият ва фазилатҳои инсонии Домулло Шоҳмурод, Шайх Аҳмадҷон Махдум ва дигарон, ки зодаи деҳаи Зархона мебошанд, аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Муаллим ва эҷодкор Маҳкам Ҷаъфарзода бо таснифи асар номи бузургони диёри худро зинда гардонда, хотираи неки онҳоро пос доштаанд, ки қобили таҳсин аст. Дар рисола, махсусан, дар бобати андешаву афкори Шайх Аҳмадҷон Махдум ва падари эшон маълумоти фаровон гирдоварӣ шудааст. Он барои ҳамагон аз ҳар ҷиҳат судманд хоҳад буд».
Умед аст, ки тадқиқоти муаллиф ба алоқамандони тасаввуф писанд меояд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».