Роҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

3 апрел дар ҳошияи ҳамоиши Самарқанд мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид.

Роҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо қаноатмандии хос мулоқоти сермаҳсули сеҷонибаи сарони давлатҳоро, ки рӯзи 31 март дар шаҳри Хуҷанд доир гардид ва зимни он Созишномаи таърихӣ оид ба нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатӣ ба имзо расид, таъкид карданд.

Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои сатҳи олӣ, бахусус чораҳо оид ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика ва инфрасохтор муҳокима шуданд.

Сарони давлатҳо зарурати идомаи робитаҳои фаъоли байниминтақавӣ ва мубодилаи фарҳангиву гуманитариро таъкид намуданд.

Ҳамчунин, оид ба нақшаи чорабиниҳои пешомада ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: