Мувофиқи маълумоти Садорати омори вилояти Навоӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2025 вилоят бо 61 давлати хориҷӣ муносибатҳои тиҷоратӣ анҷом додааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 265,1 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
Ҳаҷми савдои берунӣ нисбати ҳамин давраи соли 2024 12,9 миллион доллар, ё худ 4,1 фоиз афзудааст. Дар гардиши савдои хориҷии вилоят Фаронса 53,2, Русия 11,8, Ҷумҳурии Мардумии Чин 8,2, ИМА 4,5 ва Бритониёи Кабир 3,7 фоиз саҳмгузор гардидаанд.
Ҳаҷми экспорт 183,4 миллион ва импорт бошад, 81,7 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.