Корхонаи «Ёдгорлик»-и ба истеҳсоли маҳсулоти абрешим ихтисосонидаи шаҳри Марғелон соли 1924 дар шакли ателе ташкил гардида, сонитар бо номи «Хон атлас» маҳсулоти худро ба бозор баровардааст.
Корхонаи мазкур дар самти сайёҳӣ соли 1991 аз ҷониби ташкилоти байналхалқии ЮНЕСКО ба эътирофи алоҳида сазовор гардидааст.
Алҳол дар корхона 40 нафар ҳунарманди моҳир фаъолият мебарад. Ин ҷо давоми сол ба ҳисоби миёна 10 ҳазор сайёҳ ташриф оварда, аз намунаҳои санъати миллии ҳунармандӣ баҳраманд мешаванд.
Суратгир: Муқимҷон Қодиров (ӮзА).