СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҲАМОИШИ НАХУСТИНИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ИТТИҲОДИ АВРУПО»

​Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!

Аз он ки шуморо дар ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» хайрамақдам мегӯям, хурсандам.

Мехоҳам ба президенти Шӯрои Аврупо ҷаноби Антониу Коште, президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсуле фон дер Ляйен, ба тамоми ҳамкорони ман – сарони давлатҳои минтақа барои ташаббуси моро бобати баргузор кардани ҳамоиш маҳз дар Самарқанди бостонӣ пазируфтанашон миннатдории махсус изҳор намоям.

Дар тӯли садсолаҳо ин шаҳри шуҳратёр, ки дар чорроҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор дорад, маркази муҳими мулоқоти тамадунҳо, мубодилаҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии байни Шарқ ва Ғарб будааст.

Ин гуфтаҳоро бисёр санадҳои таърихӣ собит менамоянд. Чунончи, маҳз дар ҳамин ҷо ҳокими Мовароуннаҳр Амир Темур беш аз шаш аср муқаддам робитаҳои фаъолонаро ба мақсади таъмин сохтани тиҷорати озод ва бехавф бо роҳбарони Аврупо ба роҳ монда буд.   

Наметавонам саҳми олимон ва мутафаккирони бузурги мо – Хоразмӣ, Фарғонӣ, Берунӣ, Авитсенна, Улуғбек ва дигаронро дар рушди илм ва фалсафаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар Аврупо қайд накунам.

Имрӯз низ ман мехоҳам бо қаноатмандӣ таъкид намоям, ки муносибатҳои дорои решаҳои амиқи мо дар шароити кунунӣ муттасил инкишоф меёбад ва мустаҳкам мегардад.

Вохуриҳои пурмуҳтаво ва пурмаҳсул, ки дар арафаи кушоиши ҳамоиши мо баргузор шуданд, мавҷудияти иродаи сиёсӣ ва қатъияти амиқсозии шарикиву ҳамкориҳои амалиро ба манфиати кишварҳо ва минтақаҳои мо бори дигар намоиш доданд.

Ба роҳбарони идораҳои бузурги Иттиҳоди Аврупо барои ҳусни тафоҳум ва дастгири  ҳамаҷонибаашон бобати қаробат ва рушди устувор дар Осиёи                    Марказӣ бори дигар миннатдорӣ изҳор менамоям.

Ман боз аз он чиз хушнудам, ки дар ин толор шарикони анъанавии мо – президенти Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо хонум Рено-Бассо ва намояндагони Бонки сармояи Аврупоро мебинам.

Нақши ин идораҳои молиявиро дар пешбурди вазифа ва қарорҳои ҳамоиши имрӯза, ки таҳти шиори «Сармоягузорӣ барои оянда» мегузарад, бузург меҳисобад.

Вобаста ба ин мехостам зикр намоям, ки ҳанӯз ҳашт сол муқаддам муносибати Ӯзбекистон бо Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо боздошта шуда буд. Имрӯз бошад мо бузургтарин узви бонки мазкур ба шумор меравем.

Муҳтарам ҳамкорон!

Вазирон ва коршиносони мо бинобар натиҷаи вохурӣ дар Ашхобод рӯзномаи кори ҳамоишро омода намуданд, ки тамоми самтҳои асосии ҳамкориҳои бисёрҷанбаро фаро мегирад.

Имрӯз моро лозим аст, ки дар иҷлосияи умумии Анҷумани иқлимии Самарқанд, бахшида ба хурӯҷҳои кунунии экологӣ, ки Осиёи Марказӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад, якҷо иштирок кунем.

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Вохурии мо дар шароити равандҳои шадид ва номафҳуми ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Мо шоҳиди пурзӯр гардидани шиддати геосиёсӣ, мушкилоти амният, зиддиятҳои бузурги минтақавӣ, хуруҷҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди устувор мебошем.

Равшан аст, ки ягон минтақа ба сари худ, бидуни ҳамкории васеъи байналхалқӣ ба ҳаллу фасли ин гуна масъалаҳои мураккаб қодир нест. Вобаста ба ин таъкид менамоям, ки Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо шарикони анъанавӣ ба шумор мераванд, талабот ба ҳамкориҳои қарини тарафайни онҳо рӯзафзун аст.

Мо садоқати ҷониби Аврупоро ба равандҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф менамоем.

Оғози ҷараёни гуфтушуниди сулхоҳонаро барои танзими вазъияти вобаста ба Украинаро табрик мекунем ва куллан дастгирӣ менамоем. Дарк мекунем, ки масъалаҳои хеле мураккаб ва басо мушкил бояд ҳаллу фасл шаванд. Мо навъи дигари ин саъю кӯшишҳои дипломатӣ ва ҳаллу фасли сиёсии ин масъаларо намебинем.

Муҳтарам ҳамкорон!

Рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи мо ба трансформатсияи амиқи Осиёи Марказӣ, ки ба шарофати иродаи умумии сиёсӣ ҷиҳати устувор ва бебозгашт пайдо кард, мусоидат менамояд.

Дар байни кишварҳои минтақаи мо эътимод  ва ҳамсоягии нек мустаҳкамтар мегардад, ҳамкориҳои васеъмиқёс ва коперативӣ вусъат пайдо мекунанд.

Ҳанӯз ҳафт-ҳашт сол муқаддам барои ин, ҳатто имконият ҳам набуд. Сарҳади байни баъзе кишварҳо пӯшида буданд. Савдо, транзит, тиҷорат ва ягон намуди мубодилаи инсонпарварӣ амал намекарданд. Муносибатҳо умуман боздошта шуда буданд.

Он замон ҳеҷ кас тасавур ҳам карда наметавонист, ки дар ояндаи наздиктарин мо якҷо аз минтақаи худ дар гуфтушунидҳо бо сарони Аврупо намояндагӣ мекунем.

Таъкид мекунам, рӯшодии Осиёи Марказӣ ва тайёрии он ба ҳамкориҳои муфиди тарафайн бо тамоми шарикон шарти муҳимтарини таъмин гардидани амният ва шукуфоии минтақа гардид.

Моҳи сентябри соли равон мо дар Тошканд аллакай Мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои минтақаи худро мегузаронем, ки дар ҷараёни он тамоми вазифаҳои рӯзмарраи рӯзномаи муштаракро кушоду равшан ва ҳамаҷониба ҳаллу фасл менамоем.

Мехоҳам воқеаи таърихиеро, ки дар арафаи ҳамоиши имрӯза ба вуқӯъ пайваст, махсус таъкид кунам. Сухан дар бораи танзим ёфтан ва ба имзо расидани муоҳидаҳо бобати мушаххас сохтани сарҳадҳои давлатии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон меравад.

Ҳамкорони муҳтарами худ Эмомалӣ Шарипович Раҳмон ва Садир Нургожиевич Ҷапаровро бори дигар самимона муборакбод менамоям.

Бояд қайд намуд, ки мо дар минтақа лоиҳаҳои бузурги сармоявӣ ва инфрасохториро муштаракона татбиқ менамоем. Дар ин маврид барои дастгирӣ намудани чунин лоиҳаҳо бунёд ва ширкатҳои муштараки сармоявӣ амал мекунанд. Ба мақсади рағбатноксозии онҳо минтақаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ созмон дода мешаванд.

Таъкид менамоям, ки ҳамаи ин ба рушди устувори иқтисодии кишварҳо ва умуман минтақа мусоидат менамояд.

Коршиносони Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо то шаш фоиз афзудани рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақаро пешбинӣ менамояд, ки нисбати нишондиҳандаи минтақаҳои дигар хеле баландтар аст.

Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон рушди устувори иқтисодӣ аз ҳисоби саноатикунонӣ, сармоягузорӣ ба инфрасохтор, озодкунии иқтисодиёт ва дастгирии тиҷорат таъмин карда мешавад.

Корҳои ташаккул додани махсусияти умумиминтақавӣ, ҳамчунин дастгирӣ намудани мубодилаи фарҳангиву инсонпарварӣ ва таълимиро махсус зикр мекунам.

Мо дар кишварҳои худ бахшҳои муассисаҳои пешқадами таълими миллиро боз менамоем. Раводиди ягонаи осиёимарказиро барои сайёҳони хориҷӣ пеш мебарем.

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Ҳамоиши нахустини мо идомаи мантиқии ду вохӯрии сарони Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад, ки дар Қазоқистон ва Қирғизистон бомуваффақият баргузор шуда буданд. Ин иртибот барои дарки манфиатҳои ҷонибҳо ва мушаххас кардани самтҳои умумии шарикӣ муфид гардиданд.

Зикр мекунам, ки солҳои охир ҳамкории тарафайн бо Иттиҳоди Аврупо ба дараҷаи назаррас фаъол гардид. Тӯли ҳафт сол мубодилаи моли кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо чандин баробар афзуд ва 54 миллиард евроро ташкил дод.

Барномаҳои самарабахши ҳамкорӣ ба роҳ монда шуданд. Ҷамъомадҳо, анҷуманҳо, ҳамоиш ва конфронсҳои вазоратӣ бинобар тамоми самтҳои асосӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Баробари ин, фикр мекунам, вохурии кунунӣ бояд «нуқтаи гардиш»-и давраи нав дар рушди муносибатҳои бисёрҷанба гардад.

Вобаста ба ин мехостам нуқтаи назари моро бинобар афзалиятҳои кори минбаъдаи муштарак ва пешомади дарозмуҳлат иброз намоям.

Якум. Ин саъю кӯшиш ва сармояҳо дар таҳкими мулоқоти сиёсӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва идоравии ҳамкориҳои бисёрҷанба аст.

Бинобар натиҷаи ҳамоиш қарори таърихӣ дар бораи ба роҳ мондани шарикии стратегии байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул карда мешавад.

Мо коркарди муштаракона ва қабул намудани чораҳои маҷмуиеро, ки ба татбиқи амалии дастурҳои ҳуҷҷати қабулшаванда нигаронида шудаанд, зарур меҳисобем.

Мунтақидам, ки шарикии стратегии мо бояд бо қарор, лоиҳа ва барномаҳои мушаххас пурра карда шаванд.

Вобаста ба ин пешниҳод мекунем, ки масъалаи ба имзо расондани Муоҳидаи мукаммал дар бораи шарикӣ ва ҳамкории байни ду минтақаи мо баррасӣ карда шавад.

Мо ҳамчунин ҷонибдори баргузор намудани мулоқоти мунтазами сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ барои «дақиқ» намудани рӯзномаи оид ба масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, фаъолтар кардани алоқаҳои байнипарлумонӣ ва таъсис додани Анҷумани ҳамкории байнипарлумонии  «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» бо ташкил намудани чорабинии нахустин аллакай тирамоҳи ҳамин сол дар Ӯзбекистон, вусъат додани ҳамкории марказҳои пешқадами таҳлилӣ мебошем.

Пешниҳод бобати дар ду сол як бор гузаронидани ҳамоишро куллан дастгирӣ менамоем. Ба мақсади кори мунтазам бинобар таъмин сохтани сари вақт татбиқшавии муоҳидаҳо омодаем вазифаи котибияти ҳамоишро то ҷамъомади навбатӣ ба дӯши худ бигирем.

Дуюм. Ченаки афзалиятноки ҳамкориҳои мо бояд сармоягузорӣ дар боссозии иқтисодӣ ва технологӣ гардад.

Ибтидои моҳи июн дар шарикӣ бо Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо мо Анҷумани сармоявии Тошкандро мегузаронем. Дар чорабинии мазкур ният дорем маҷмӯи лоиҳаҳоро бо ширкат ва бонкҳои машҳури аврупоӣ дар ҳаҷми зиёда аз 30 миллиард евро пешниҳод кунем.

Бояд таъкид кард, ки алҳол тамоми «роҳбаладҳо»-и тиҷорат сарони саноатӣ ва сармоявии Аврупо дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари минтақа бомуваффақият кор мекунанд. Дар байни онҳо корпоратсияҳои «TOTAL», «Siemens», «Linde», «Airbus», «BASF», «IDF», «Orano», «OTP Group» ва бисёр дигарҳо ҳастанд.

Дар ҷараёни анҷуман баргузор намудани иҷлосияи алоҳидаи «Имконитяҳои сармоявии ду минтақа»-ро пешниҳод менамоем.

Дар он баргузор кардани муаррифии Консепсияи хиёбони саноати минтақавиро барои ширкатҳои аврупоӣ дар Ӯзбекистон ба нақша гирифтаем.

Муътақидам, ки Муоҳида дар бораи кушодани идораи Бонки сармоявии Аврупо дар Тошканд, ки ба қарибӣ ба имзо расид, ба рағбатнокшавии сармояҳои бевосита ба Осиёи Марказӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хидмат мекунад.

Ба дастгирии ҷониби шарикони Аврупо бобати боз як ташаббус – дар бараи ба роҳ мондани Идораи сармоявӣ барои пешбурди лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз», сармояҳо, нақлиёт, инфрасохтор ва сектори аграрӣ умед мебандем.

Ғайр аз ин мо бо як қатор таклифҳои нав бобати қаринсозии манфитаи иқтисодии кишварҳои худ баромад мекунем.

Ин пеш аз ҳама ба имзо расондани Муоҳидаи бисёрҷанба дар бораи ҳифз кардан ва рағбатноксозии сармояҳо, ба роҳ гузоштани Палатаи муштараки савдои «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» бо ба он васеъ ҷалб намудани намояндагони сектори хусусӣ, қабул кардани барномаи муштараки минтақавии дастгирии лоиҳаҳои тиҷорати хурд ва миёна, пеш аз ҳама соҳибкории занона мебошанд.

Тайёрем дар Ӯзбекистон Анҷумани навбатии иқтисодӣ ва Анҷумани сармоягузорон оид ба робитаи тарафайни нақлиётиро қабул намоем.

Ҳамчунин вусъат додани кумакҳои техникии Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани иқтидори содиргарони мо, ташкил додани лаборатория ва марказҳои страндарткунонӣ ва сертификатдиҳӣ муҳим мебошад.

Сеюм. Дар ҷараёни ҳамоиш қарор дар бораи амиқсозии ҳамкорӣ ва сармояҳо дар соҳаи захираҳои нодири минералӣ қабул карда хоҳад шуд.

Бояд таъкид кард, ки Ӯзбекистон соҳиби таҷрибаи бузурги мусбати ҳамкорӣ бо ширкатҳои машҳури аврупоӣ дар соҳаи ҷустуҷуйҳои геологӣ ва аз худ намудани конҳои маводи стратегӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти баландтехнологӣ бобати коркарди амиқи онҳо ба шумор меравад.

Мо ният дорем амиқсозии ҳамкориҳои муфиди тарафайнро бо Иттиҳоди Аврупо дар самти мазкур ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.

Монеаи асосӣ дар ин бобат набудани гузаргоҳҳои самарабахши нақлиётӣ барои расонда додани маҳсулоти мазкур, ҳамчунин молҳои тайёри саноатӣ ва кишоварзӣ ба бозорҳои Аврупо ба шумор меравад. Аз ҷумла, коркарди чораҳои ҳамҷиҳатона ва шароити барои тиҷорат муфид баҳри вусъат додану боркашонӣ дар Гузаргоҳи нақлиётии назикасбӣ зарур мебошад.

Бовар дорам, ки вазифаҳои мазкур ба мақсадҳои барномаи умумиаврупоии «Дарвозаи умумӣ» куллан мусоидат менамоянд.

Вобаста ба ин пешниҳод мекунем, ки таҳти пуштбонии Иттиҳоди Аврупо мулоқоти вазирони нақлиёти кишварҳои хатсайри мазкур барои коркарди муносибатҳои муштарак даъват карда шавад.

Чаҳорум. Сармоягузорӣ ба энергетикаи «сабз» ва устувории экологӣ аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад.

Ӯзбекистон лоиҳаи байналхалқӣ бинобар расонда додани энергияи электр аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба самти Аврупоро куллан дастгирӣ мекунад. Дар арафаи ҳамоиш муоҳидаи дахлдор бинобар татбиқ намудани лоиҳаи мазкур тасдиқ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки мо ният дорем то соли сиюм саҳми энергияи навро ба эътидоли энергетикии мамлакат то 54 фоиз зиёд кунем ва иқтидори «сабз»-и  24 ҳазор мегаваттро ба кор андозем.

Барои ба роҳ гузоштани Шарикии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» оид ба энергетикаи «тоза» ҳамкории тарафайн платформаи муҳим буда метавонад.

Барои коркарди лоиҳаҳои молиявӣ ва рушди бозори «вомҳои гидрогенӣ» ҳамчунин таъсис додани Гурӯҳи кориро дар сатҳи роҳбарони идораҳои соҳавӣ пешниҳод менамоем.

Дар ҷараёни Анҷумани иқлимии пешбинишуда мо Консепсияи рушди «сабз»-и минтақаро пешниҳод мекунем.

Панҷум. Сармоягузорӣ дар сармояи инсонӣ имкон медиҳад мубодилаи таълимӣ ва маданиву инсонпарварӣ вусъат дода шавад.

Муваффақ шудан ба мақсади мазкур метавонад ба ҷорӣ намудани квотаҳои махсус барои кишварҳои минтақа дар доираи барномаи «Эразмус плюс» оид ба тайёркунии мутахассисони баландихтисос мусоидат намояд.

Тайёрем дар Ӯзбекистон идораи барномаи «Уфқ – Аврупо»-ро барои вусъат додани ҳамкориҳои илмиву таълимӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис диҳем.

Ғайр аз ин коркарди муштараки Барномаи мубодилаи илмӣ ва технологиро дар соҳаи интекллекти сунъӣ, «маълумоти зиёд», рақамикунонӣ ва тадқиқоти кайҳонӣ пешниҳод мекунем.

Ӯзбекистон ҳамчунин бо ташаббусҳои ба Барномаи аврупоии амалиёт дар соҳаи таълими рақамӣ, татбиқсозии «харитаи роҳ»-и шарикии байни донишгоҳҳои пешқадами кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баромад мекунад.

Намоишномаи балети миллии «Лазгӣ» бо иштироки мутахассисони аврупоӣ намунаи равшани кооператсия дар соҳаи маданӣ гардид.

Дар Аврупо намоишгоҳҳои мероси таърихии Осиёи Марказӣ дар осорхонаҳои бузургтарин, аз ҷумла Лувр, Осорхонаи нави Берлин ва Осорхонаи умумиҷаҳонии Вена бомуваффақият баргузор гардиданд.

Мехостем дар ҷараёни Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки тирамоҳи оянда дар Самарқанд бори аввал тӯли чиҳил сол берун аз ҳудудҳои Париж баргузор мегардад, тамоми шарикони хориҷии худро бо маданият ва санъати ғановатманди халқҳои минтақа беш аз пеш ошно намоем.

Соли равон ҳамчунин дар Бухоро гузаронидани анҷумани нахустини сайёҳии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо»-ро ба нақша гирифтаем.

Ба ҳамкории шарикони аврупоӣ дар татбиқ сохтани консепсияи «Як саёҳат – тамоми минтақа» дар пояи ҷорӣ намудани таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин ба баррасии масъалаи соддатар кардани режими раводид барои сайёҳон аз минтақаи мо умед мебандем.

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Муҳимияти ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои умумии амният, аз ҷумла терраризм, экстремизм, радикализм, ҷинояткории киберӣ, қочоқи нашъа ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ меафзояд.

Пешниҳоди шарикони аврупоӣ дар бораи ба роҳ мондани мулоқот оид ба масъалаҳои зиддӣ тераризмро дастгирӣ мекунем.

Ҳамчунин вусъат додани ҳамкориҳои амалиро дар доираи барномаҳои «ВОМСА» ва «CADAP»  муҳим мешуморем.

Тайёрем машварати сиёсиро оид ба масъалаҳои рушди сулхоҳонаи Афғонистон идома диҳем. Хеле таасуфорвар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хуруҷҳои аз ҳудуди ин кишвар ба миён омада баҳои зарурӣ намедиҳад.

Мо ба ҷараёнҳои иқтисодиёти минтақавӣ, аз ҷумла бо роҳи татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ ва инфрасохторӣ, барқарор намудани сектори иҷтимоӣ фаъолона ҷалб кардани ҷониби Афғонистонро зарур меҳисобем. Ба дарк намудан ва дастгирӣ кардани муҳимияти ба роҳ мондани мулоқоти мушаххаси ҷомеаи байналахалқӣ бо ҳукумати кунунии Афғонистон барои иҷрои уҳдадориҳои қабулшуда умед мебандем.

Муҳтарам иштирокдорони ҳамоиш!

Дар анҷоми суханронии худ мехостам муҳимияти ҷорӣ намудани механизмҳои татбиқсозии амалии ташаббус ва муоҳидаҳои моро махсус таъкид намоям.

Вобаста ба ин таъсис додани Кумитаи шарикӣ дар сатҳи муовинони сарвазиронро дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» бо баргузор намудани мулоқоти ҳарсола мувофиқи мақсад меҳисобем.

Дӯстони азиз!

Ба ҳамаи шумо барои мулоқоти рӯшод, муътамад ва пурмуҳтаво миннатдории амиқ изҳор мекунам.

Муътақидам: роҳбарони идораҳо ва ташкилотҳои молиявии машҳури Аврупо ба он чиз эътимод пайдо карданд, ки Осиёи Марказӣ бо мавқеи умумӣ баромад мекунад ва ба ҳамкориҳои васеъмиқёс ҳамчун шарики муътамад ва масъул тайёр аст.

Ҳама шуморо бо қарорҳои таърихӣ дар бораи истиқрори шарикии стратегии байни ду минтақаи мо табрик мекунам.

Барои амалан татбиқкардани тамоми муоҳидаҳои имзошуда ва ташаббусҳои пешниҳодгардида ба котибияти ҳамоиш таклиф менамоям, ки якҷо бо коршиносон дар муҳлати як моҳ «харитаи амалиёт»-ро тайёр кунанд, то мо тавонем ба тартиби корӣ тасдиқ намоем.

Барои эътиборатон ташаккур!                           

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: