4 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар иҷлосияи умумии Анҷумани байналхалқии иқлимии Самарқанд маърӯза кард.
Дар кори анҷуман Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта, Президенти Комиссияи аврупоӣ Урсула фон дер Ляйен, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, роҳбари Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо Одил Рено-Бассо, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Аврупо Татяна Молчан, Директори иҷрогари Барномаи оид ба нуқтаҳои аҳолинишин Анаукладия Россбах, Котиби иҷроияи Конвенсияи оид ба мубориза бо саҳрошавӣ Иброҳим Тиау ва дигарон иштирок карданд.
Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш ба иштирокдорони анҷуман муроҷиати видеоӣ кард.
Дар рӯйхати иштирокдорон зиёда аз 2 ҳазор меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони созмонҳои миллӣ ва экологии умумӣ, сохторҳои байналхалқӣ, коршиносон, олимон ва журналистон, намояндагони тиҷорат ҳастанд.
Мувофиқи рӯзномаи маҷлис таҳдидҳои рӯзмарраи иқлимӣ, ки дар назди Осиёи Марказӣ истодаанд, баррасӣ шуда, масъалаҳои устувории экологӣ, рушди иқтисодиёти «сабз» ва ҳамкории минтақавӣ дар мубориза бо тағйироти иқлимӣ муҳокима гардиданд.
Роҳбари давлати мо дар ибтидои суханронии худ бо қаноатмандӣ қайд намуд, ки намояндагии васеи байналхалқӣ дар анҷуман тасдиқи дахолати ҷомеаи ҷаҳон ба саъю кӯшишҳои муштарак барои дарёфти қарорҳои самарабахши масъалаҳои муҳимтарини рӯзмарраи рушди устувор ба шумор меравад.
Таъкид шуд, ки соли гузашта бори аввал ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ беш аз якуним дараҷа нисбати Селсия зиёд гардид. Даҳсолаи охир дар тамоми таърихи назорати обу ҳаво гармтарин шуд.
– Дар натиҷаи ин ҳамаи мо алҳол таъсири нохуши буҳрони иқлимӣ – афзудани миқёси сӯхтори ҷангал ва саҳрошавӣ, коҳиш ёфтани пиряхҳо, афзудани норасоии захираҳои об, бад гардидани сифати ҳаворо эҳсос менамоем, – изҳор дошт Президенти Ӯзбекистон.
Аз ҷониби кишварҳои минтақа Стратегияи обсозиш ба тағйироти иқлим дар Осиёи Марказӣ кор карда ва бо як овоз маъқул дониста шуд.
Ҳамкории бомуваффақият бо шарикони аврупоӣ дар доираи барномаи нармкунии оқибати хушкшавии баҳри Арал, истифодаи сарфакорона, вусъат додани манбаъҳои «тоза»-и энергия таъкид гардид. Ин гуна ҳамкорӣ дар пойдории рушди «сабз»-и Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад.
Ба ин маънӣ манфиатдорӣ аз минбаъд амиқсозии ҳамкориҳои амалии тарафайн бо Иттиҳоди Аврупо – пешоҳанги ҷаҳонӣ дар ҳифз кардан ва пешбурди масъалаҳои мубориза бо тағйироти иқлим зикр шуд.
Махсус таъкид гардид, ки мушкилоти тағйироти иқлим бо амнияти хӯрокворӣ ва энергетикӣ иртиботи ҷудонопазир дорад.
Заминҳои ҳосилхез босуръат коҳиш меёбанд, алҳол зиёда аз 20 фоизи масоҳати умумии заминҳои минтақа касиф шудаанд. Баъд аз чаҳоряк аср ҳосилнокӣ мумкин аст се баробар коҳиш ёбад.
– Вобаста ба ин муттаҳид кардани имкониятҳои илмии мо барои пешбурди обсозишии хоҷагии ҷангал ва сектори аграрӣ, ҳамчунин мустаҳкам намудани амнияти хӯрокворӣ дар доираи барномаи «Уфқ – Аврупо»-ро ҳаётан муҳим меҳисобам, – гуфт сарвари мамлакати мо.
Президент дар бораи чораҳое, ки дар Ӯзбекистон бобати коҳиш додани майдони заминҳои харобшуда ва нарм кардани оқибати тағйироти иқлимӣ андешида мешаванд, маълумот дод. Дар доираи барномаи «Яшил макон» кабудизоркунии васеъмиқёс амалӣ карда мешавад. Ғайр аз ин дар зиёда аз 2 миллион гектар ҳудудҳои хушкшудаи Наздиарал ниҳоли рустаниҳои ба хушкӣ тобовар нишонда шуданд. Пешниҳод гардид, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни баҳории Наврӯз бобати нишондани ниҳолҳои «Камари сабзи Осиёи Марказӣ» Иқдоми минтақавӣ гузаронида шавад.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба татбиқ намудани модели сарфакори захира ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи рушди иқтисодӣ эътибори махсус зоҳир кард.
Дар соҳаи мазкур яке аз самтҳои асосӣ энергетикаи «сабз» ба шумор меравад.
Пешбинӣ мегардад, ки дар тӯли панҷ соли наздиктарин саҳми энергияе, ки аз манбаъҳои нав ба даст меоянд, то ба 54 фоиз расонда шавад, ки имкон медиҳад ҳаҷми партови гази гармхонаҳо анқариб 16 миллион тонна коҳиш дода шавад.
– Мехоҳам таъкид намоям, ки мо барои пеш аз муҳлат иҷро кардани ӯҳдадориҳои Ӯзбекистон бобати дар доираи Муоҳидаи Париж 35 фоиз коҳиш додани партови гази гармхонаҳо тамоми саъю кӯшишҳои худро равона мекунем, – қайд намуд роҳбари давлат.
Дар идомаи саъю кӯшишҳои самти мазкур дар Тошканд таъсис додани Котибияти ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо «Об – Энергия – Тағйироти иқлим» барои сафарбаркунии молиявӣ, технологӣ ва компетентсияҳо пешниҳод гардид.
Муҳимияти Консепсияи рушди «сабз»-и минтақа, ки дар ҷараёни анҷумани кунунӣ пешниҳод мегардад, махсус таъкид шуд.
Президенти Ӯзбекистон ба масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои об таваққуф намуда, изҳор дошт, ки дар соли 2040 кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дараҷаи баланди норасоии об дар партави кам шудани оби дарёҳои Ому ва Сир рӯ ба рӯ мегарданд.
Таъкид гардид, ки ба мақсади сарфаи захираҳои об бобати бетонӣ кардани шабакаҳои обрасонӣ кор бурда мешавад, бинобар ба роҳ мондани технологияҳои сарфакори об, ки аллакай тақрибан дар нисфи заминҳои обёришавандаи мо ҷорӣ карда шудаанду тақрибан 2 миллион гектарро ташкил медиҳанд, пойгоҳҳои саноатӣ созмон дода мешаванд. Ба шарофати чунин чорабиниҳо соли гузашта ҳифзи тақрибан 8 миллиард метри мукааб об имконпазир гардид.
– Мо даъват менамоем, ки саъю кӯшишҳо муттаҳид карда, бобати ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакори об дар Осиёи Марказӣ Барномаи минтақавӣ андешида шавад – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.
Барои баррасии коршиносонаи тамоми ин масъалаҳо дар минтақаи Наздиарал баргузор кардани Анҷумани байналхалқӣ оид ба технологияҳои сарфакори об пешбинӣ мегардад.
Ҳамчунин манфиатдорӣ дар ҳамкории қарин бо Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи «Коперник» доир ба назорати муттасил аз ҳамроҳҳои маснуи замин бинобар ҳолати пиряхҳо ва ташхиси ибтидоии талафот барои низомҳои экологии кӯҳистони минтақа таъкид шуд.
Ба сифати платформаи умумии илмию экспертӣ оид ба омӯхтан ва мониторинги равандҳои иқлимии Осиёи Марказӣ метавонад Резидентсияи иқлимӣ, ки дар пойгоҳи «Донишгоҳи сабз» дар Тошканд созмон дода шудааст, амал кунад.
Баробари ин 5 апрел дар Нуқус Ҳамоиши мадании Арал, ки бояд эътиборро ба мушкилоти экологии минтақаи мо аз тариқи лоиҳаҳои санъат ҷалб намояд, кори худро оғоз мекунад.
Дар анҷоми суханронии худ роҳбари давлати мо бори дигар вазифаи умумӣ – «Барои он ки насли оянда дар ҷаҳони пойдор, амну амон ва шукуфо зисту зиндагӣ кунанд, тамоми корҳоро бояд иҷро кард»-ро ёдовар шуд.
– Барои ин бояд мулоқотҳо мунтазам бошанд, саъю кӯшиши тамоми давлатҳое, ки ба ин мақсади неки умумӣ нигаронида шудаанд, муттаҳид гарданд, – хулоса кард Президенти Ӯзбекистон.