ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ИМКОНОТИ РУШДИ ШАРИКИРО БО СММ ТАЪКИД КАРД

4 апрел дар ҳошияи Анҷумани Самарқанд оид ба иқлим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муовини Котиби генералии СММ, Директори иҷрогари Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин Анаклаудиа Россбахро қабул кард.

Роҳбари ниҳоди пешбарандаи СММ дар масъалаи урбанизатсия ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва таманноҳои беҳарини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро расонд.

Масъалаҳои рушди шарикии бисёрҷанба бо институти мазкури СММ дар соҳаи рушди босуботи шаҳр, такомули инфрасохтор ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.

Намояндаи олии СММ ислоҳоти ҷории мамлакатамонро дар соҳаи урбанизатсия, ки ба рушди босуботи шаҳрҳои «оқил» ва «сабз» нигаронда шудааст, мусбӣ арзёбӣ намуд ва инчунин фароҳам овардани муҳити муносибро барои аҳолӣ мақбул ҳисобид.

Аҳамияти вусъат додани ҳамкорӣ дар заминаи татбиқи масъалаҳои муосири рақамисозӣ дар идора намудани шаҳр, таҳияи стандартҳои сохтмони «сабз», роҳандозии барномаи махсус оид ба мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим дар шароити шаҳр қайд гардид.

Масъалаҳои баргузор намудани Рӯзи ҷаҳонии тозагӣ дар Ӯзбекистон ва дар Тошканд кушодани дафтари ташкилот баррасӣ гардид. Дар бораи қабул намудани «нақшаи роҳ» дар самтҳои ҳамкории амалӣ аҳду паймон ба вуҷуд омад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: