Дар ҳошияи Анҷумани Самарқанд оид ба иқлим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо муовини Котиби генералии СММ, Котиби иҷрогари Конвенсия оид ба мубориза бо биёбоншавӣ Иброҳим Тиау мулоқот намуд.
Меҳмони олиқадр ба пешвои давлатамон паёми самимӣ ва орзуҳои беҳтарини Котиби генералии СММ Антониу Гутерришро расонд.
Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин сохтори бонуфузи СММ дар соҳаи мубориза бо биёбоншавӣ ва хароб гардидани замин дар мамлакатамон ва минтақа баррасӣ гардиданд.
Вакили СММ ба суханронии роҳбари Ӯзбекистон дар анҷуман баҳои баланд дода, аҳамияти ташаббусҳои оид ба муқовимат ба хатарҳои иқлимӣ пешниҳодшуда ва саривақтӣ будани Консепсияи рушди «сабз»-и Осиёи Марказиро таъкид кард.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки бо як овоз Ассамблеяи генералии СММ моҳи августи соли гузашта резолютсияи Ӯзбекистонро оид ба барқарор намудани ҷангал ва ҳамчунин оғози таҳияи мақсадҳои миллӣ оид ба бартараф намудани таназзули замин дастгирӣ намуд.
Қарор шуд, ки экспертҳои Конвенсия ба ташкил намудани Шабакаи байналхалқии илмӣ оид ба мубориза бо харобгардии замин ва биёбоншавӣ дар пойгоҳи Донишгоҳи «сабз» дар шаҳри Тошканд ҷалб хоҳанд гардид.