ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН АҲАМИЯТИ ГУСТАРИШИ МИНБАЪДАИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД БО ШИРКАТҲОИ АРАБИСТОНИ САУДИРО ТАЪКИД КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи форуми иқлими Самарқанд ҳамраиси Шӯрои корчаллонҳои Ӯзбекистон – Саудӣ, раиси раёсати ширкати "ACWA Power" Муҳаммад Абунайёнро қабул кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ бо ширкатҳои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ таъкид кард, ки шарикии пурсамар бо ширкати "ACWA Power", ки сармоягузори стратегии бахши энергетикаи «сабз»-и Ӯзбекистон мебошад, босуръат рушд мекунад. Ҳоло бастаи лоиҳаҳои муштарак, ки бо ин ширкат амалӣ мегарданд, ба 15 миллиард доллар расид.

Моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Бухоро ду нерӯгоҳи шамол, ки иқтидори ҳар кадоми онҳо 500 мегаватт аст, ба шабака пайваст шуда, лоиҳаҳои бунёди ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 1 гегаватт дар вилояти Самарқанд ва системаҳои нигоҳдории энергия дар вилояти Тошканд оғоз ёфтанд.

Зарурати навсозии таъминоти энергетикаи “сабз”, инфрасохтор, дорусозӣ, гармӣ ва об, татбиқи босуръати лоиҳаҳо дар хоҷагии коммуналии хонаву ҷой ва дигар самтҳои афзалиятнок таъкид шуд.

Ба ин маъно, зарурати омодагии ҳамаҷониба ба ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ ва форуми тиҷоратӣ, ки соли ҷорӣ дар Самарқанд баргузор хоҳад шуд, зикр гардид.

Бо ҳамин иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиш ва форуми иқлими Самарқанд анҷом ёфт. Роҳбари давлат ба Тошканд баргашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: