Аз 2 июли соли равон назорати фаъолияти низомҳои пардохт, системаҳои пулҳои электронӣ ва ташкилотҳои пардохтӣ пурзӯр карда мешавад.
Бино ба маълумот роҷеъ ба тартиботи ин самт аз ҷониби департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии назди Бонки марказӣ ва Сарпрокуратура қарор таҳия гардидааст.
Мутобиқи ин қарор ташкилотҳои пардохтӣ дар ҳолатҳои зерин ҷиҳати санҷиши муштариён метавонанд чораҳои мустақилона андешанд:
ҳангоми муроҷиати шахси воқеӣ барои кушодани суратҳисоб тавассути замимаи мобилии ташкилоти пардохтӣ;
Ҳангоми муроҷиат барои истифодаи терминали электронӣ (E-POS);
Ҳангоми анҷом додани амалиётҳо ба маблағи баробар ё зиёда аз 500 баробари миқдори ҳисоби базавӣ (187,5 миллион сӯм) бидуни кушодани суратҳисоб дар замимаи мобилии ташкилоти пардохтӣ ё бидуни истифодаи суратҳисоб дар замимаи мобилӣ;
ҳангоми ба миён омадани шубҳа дар бораи дурустии маълумотҳои қаблӣ дар бораи мизоҷ ё кифоя набудани онҳо.
Барои интиқоли зиёда аз 11,25 миллион сӯм пулҳои электронӣ ворид намудани маълумоти пурраи шахсияти фиристанда ва гиранда ҳатмист: Барои шахсони воқеӣ: рақами шиноснома ё ID-корт, сана ва ҷои таваллуд;
Барои шахсони ҳуқуқӣ: номи ташкилот, STIR.
Инчунин, барои ҳар як амалиёт, сатҳи дақиқӣ мувофиқи дараҷаи хавф муайян ва маълумоти мушаххас дар тартиби алоҳида нигоҳ дошта мешавад.
Ин тадбирҳо барои мубориза бо пулшӯӣ, терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом роҳандозӣ мешаванд.