ДИЛОВАРИҲОИ БАРОДАРОН ДАР МАЙДОНИ ҶАНГ

Қаҳрамонон намемиранд, корнамоиҳои онҳо дар дилу дидаи мардум боқӣ хоҳад монд. Дар маҳаллаи Бухории ноҳияи Самарқанд додарон Тӯрақул ва Аҳрор Ҷӯраевҳо, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рустамона размида Ватанро ба пирӯзӣ расонидаанд, зиндагӣ доштанд ва ҳоло дар тахтаи фахриёни маҳалла ному насаби онҳо сабт ёфтааст...

Дар оилаи Саид Ҷӯраев ва Мушаррафахола се нафар писаракон – Тӯрақул, Аҳрор ва Ҳамроқул ба камол расида, калонӣ баъди хатми омӯзишгоҳи кишоварзии ба номи Мичурини Самарқанд, соли 1939 ба сафи Армияи Сурх даъват гардид. Ҳангоме ки вай дар Украина хидмат мекард, Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба хоки Иттиҳоди шӯравӣ ҳуҷум кард. Қисми ҳарбии Тӯрақул Ҷӯраев зери борони шадиди гулӯлаҳои тӯп монд. Танҳо чанд нафаре, ки дар хандақи зеризаминӣ буданд, саломат монданд, аксари сарбозон ҷон бохтанд.

Аз ҳуҷумҳои душман ва бартарии онҳо қисми ҳарбии нерӯҳои шӯравӣ ноилоҷ ақибнишинӣ кард, муҳорибаҳои шадид дар самти шоҳроҳи Можайск ҷараён дошт. Афсӯс, дар ин задухӯрд бисёре аз ҳамяроқони сарбози самарқандӣ ҳалок гардиданд.

Баҳори соли 1943 Тӯрақул Ҷӯраев бо гурӯҳе ба отряди партизании «Славний», ки аз 250 нафар иборат буд, пайваст. Боре хабар шуд, ки бо шоҳроҳи асосии минтақа қатораи мошинҳои низомии душман бо асбобу аслиҳа, маводи озуқаворӣ, доруворӣ ҳаракат мекунад. Партизанҳои гурӯҳи «Славний» нобаҳангом ҳуҷум карда, душманонро шикаст доданд ва тамоми техникаву маводи озуқаро ба ғанимат гирифтанд. Фашистони золим барои қасосгирӣ бо ҳавопаймо, танку тӯп ҳуҷум карда, хеле мардуми таҳҷоиро ба қатл расонданд, дар байни онҳо пиронсолон, духтарон ва бачаҳои нарасида ҳам буданд.

Як қисми партизанҳо либоси низомии немисҳоро пӯшида, гӯё чанд нафар ҳарбиёни русро «асир» гирифта бошанд, ба гузаргоҳи душманон наздик мешаванд. Яке аз онҳо, ки забони немисиро медонист, мегӯяд, ки инҳо сарбозони рус мебошанд, онҳоро чӣ бояд кард?

Немисҳои «аз нимкосаи таги коса» бехабар, хурсанд ба партизанҳо наздик мешаванд ва ҳадафи тирборони автомату туфанги онҳо мегарданду роҳ кушода мешавад.

 Моҳи июни соли 1944 дар шаҳри Гродно задухӯрдҳои сахт ба амал меояд ва Тӯрақул Ҷӯраев бори дигар ҷароҳат бардошта, бо як пойи маҷрӯҳ ба ватан бармегардад ва дар мактаби зодгоҳ чун муаллим кор мекунад...

Додари ӯ Аҳрор Ҷӯраеви 16 сола дар хоҷагии ҷамоатии «Болшевик» (ҳоло «Дӯстлик») ҳамчун котиби ташкилоти ҷавонон фаъолият дошт, соли 1941 аз ҷумҳуриҳои Украина ва Молдова беш аз 80 оила ба ин ҷо кӯчонда шуд. Ғамхорӣ ба оилаҳои мусибатзада ба зиммаи ташкилоти ҷавонон афтод. Аҳрор бо кӯмаку дастгирии мӯйсафедони соҳибэҳтиром онҳоро бо манзили зист таъмин намуда, соли 1942 ихтиёран ба дифои Ватан рафт. Вай дар омӯзишгоҳи танкронӣ асрори ин касбро пурра омӯхт. Пас аз хатми омӯзишгоҳи мазкур бо рутбаи лейтенантӣ ба шаҳри Горки (ҳоло Нижний Новгород) фиристода шуд. Дар он ҷо полки танкронӣ таъсис ёфта буд.

Вай барои аз истилогарон халос кардани шаҳру ноҳияҳои Украина, Молдова, Руминия ва дигар кишварҳои Аврупо ширкат варзида, барои диловарӣ ба якчанд ордену медалҳо сарфароз шудааст.

Ҳар ду додарон – Тӯрақул ва Аҳрор Ҷӯраевҳо пас аз ба зодгоҳ баргаштан, дар соҳаҳои гуногун адои вазифа карда, барои ободу зебо гардондани шаҳру ноҳияҳои Самарқанд саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҳарчанд онҳо ҳоло дар байни мо нестанд, фарзандону наберагон кори неку номи неки сарбозони диловари Ватанро сарбаландона идома медиҳанд. Оре: 

Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,

Ҳама номи некӯ бувад ёдгор!

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

Дар акс: бародарони диловари Ватан Ҷӯраевҳо.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: