Дар Бухоро танҳо се нафарштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар қайди ҳаётанд, ки онҳо Норбой Қаршиев дар шаҳри Бухоро, Файзулло Ҳоҷиев дар ноҳияи Бухоро ва Ҳоҷимурод Бектошев дар ноҳияи Олот мебошанд.
Мутаассифона, дар ҳудуди вилоят сафи шоҳидони таърихи зинда – иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон сол аз сол кам мешавад. Доир ба ин мавзӯъ ба садорати нафақаи вилоят муроҷиат кардем, иттилоъ доданд, ки ҳоло дар Бухоро танҳо се ҷанговар ва ду нафар дар муҳосираи Ленинград мондаву ба конслагер афтидагон дар қайди ҳаётанд. Аз инҳо Норбой Қаршиев дар шаҳри Бухоро, Файзулло Ҳоҷиев дар ноҳияи Бухоро, Ҳоҷимурод Бектошев дар ноҳияи Олот, Р. Б. Риутова ва Катизе Меншитова дар шаҳри Бухоро зиндагӣ доштаанд.
Маълум шуд, ки соҳиби дараҷаи дуюми ордени «Ҷанги ватанӣ» ва медали «Ҷасорат» Норбой Қаршиев дар ҳавлии рақами 22-юми кӯчаи Шофиркони шаҳр бо наберааш Дилором Кулянова истиқомат мекардааст. Ҳангоми мулоқот аён гардид, ки зодгоҳи Н. Қаршиев аслан ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд будааст. Соли таваллудаш 1923 бошад ҳам, дар ҳуҷҷат соли 1926 сабт гардидааст. Ӯ дар хурдӣ аз падару модар ятим монда, дар хонаи бачагони Ғиждувон ба воя мерасад. Баъд ба фабрикаи абрешимресии Бухоро ба кор медарояд, барои хидмати ҳарбӣ ба Чирчиқ меравад. Баъди тайёрии махсус моҳи ноябри соли 1944 ба Фронти 1-Белоруссия (фармондеҳаш Чуйков) сафарбар мешавад. Ӯ дар ҳарбу зарбҳои ҳалкунандаи Минхаузен, Буҳенвалд ва Берлин иштирок кардааст. Дар яке аз ҷангҳои шадид баъди таркиши снаряд, аз дасти рост сахт захмдор мешавад. Баъди муолиҷа боз ба қисми ҳарбӣ бармегардад. Баъди Ғалаба бар фашизми Олмон Норбой Қаршиев боз панҷ сол хидмати ҳарбиро дар Берлин давом медиҳад. Ниҳоят соли 1950 ба Бухоро баргашта, ба корхонаи таъминоти энергияи электри Бухоро чун челонгар ба кор медарояд. Рафиқи ҳамяроқаш Ҳомид Ҷалилов низ дар ин ҷо кор мекард. Ҳамин тариқ, Норбой Қаршиев баъди синни нафақа ҳам 11 сол дар он ҷо фаъолияти меҳнатиашро идома дод. Аз соли 1992 бознишастааст.
Н.Қаршиев бо ҳамсараш Сониябибӣ ду духтару се писарро ба воя расонда, соҳиби кор, хонаю дар карданд. Аз вафот кардани ҳамсараш вақти зиёд гузашта бошад ҳам, фарзандон, наберагону аберагон ӯро танҳо намегузоранд.
Норбойбобо вақти холии худро дар ҳалқаи наберагон бо китобхонӣ, шоҳмоту шашкабозӣ ва сайр дар фазои кушод мегузаронад. Ҳамоно бардаму солим аст ва аз рӯзгори осоиштаи имрӯза шукрона мегӯяд. Мехоҳад, ки ҷавонон ва наврасони саодатманд ба қадри ин рӯзҳои хушу ободу ором бирасанд.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.