ЧАРО ҚУРУТОБ ҲАМ ҶАҲОНӢ НАГАРДАД?

Мехостам фикри худро нисбати як мақолаи рӯзномаи дӯстдоштаам иброз дорам. Он «Қурутоб таърихи тулонӣ дорад» ном дорад, ки дар шумораи 21 декабри соли 2024, №102 «Саҳифаи рӯзи истироҳат» чоп шудааст.

 

 

Аввало салому дуруди бепоён ба дастандаркорони рӯзномаи «Овози тоҷик», ки ҳамеша барои сермазмун ва хонданӣ гардидани рӯзнома заҳмат мекашанд. Баъдан, бояд арза дорам, ки банда аз мухлисони дерини ин рӯзнома мебошам, тавассути он бо вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании кишварамон аз наздик шинос мешавам. Инчунин аз мақолаю маводҳои гуногунмавзӯъ ва сермазмуни он як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирам.

Аз ин лиҳоз, мехостам фикри худро нисбати як мақолаи рӯзномаи дӯстдоштаам иброз дорам. Он «Қурутоб таърихи тулонӣ дорад» ном дорад, ки дар шумораи 21 декабри соли 2024, №102 «Саҳифаи рӯзи истироҳат» чоп шудааст. Мақола бисёр ҷолиб мебошад. Муаллиф Ҳотам Файзуллоев онро хеле ба маврид ва бо заҳматҳои қобили мулоҳиза пешкаши хонандагон ва ҳаводорони рӯзнома кардааст.

Барои чунин мақолаи сермазмун ва саршор аз санаду рақамҳои таърихӣ аз муаллиф бисёр мамнунам ва изҳори ташаккур мекунам. Ғайр аз ин нигорандаи он зарур шуморидааст, ки ин таоми бостонӣ ҳифз шавад ва барои бақову пойдории минбаъдааш ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ЮНЕСКО пешниҳод гардад.

Камина ин фикри муаллифро куллан дастгирӣ мекунам.

Хеле хушоянд аст, ки фарзандони фозилу содиқи ҳар як миллат барои муаррифӣ ва маълуму машҳур гардонидани ҳама гуна осору ёдгориҳои моддӣ ва маънавии халқу миллати хеш заҳматҳои фаровон ба харҷ медиҳанд, лозим шавад бо ғайрату шуҷоат мубориза мебаранд.

Тоҷикон бисёр арзишҳои миллию таърихӣ доранд, ки онҳоро дунё эътироф кардааст.

«Шашмақом», «Фалак», чакан, Наврӯз, Сада, оши палав ва ғайра аз ин ҷумлаанд.

Чаро хӯроки қадимае бо номи «қуртоб», ё «кашкоб» дар ин номгӯй қарор нагирад?!

Ҷумъамурод Гадоев,

сокини маҳаллаи Хӯҷақӯрғони ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: