ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ...

Мақол ва суханони ҳикматнок

Аз мост, ки бар мост.

***

Заҳри одамро одам мегирад.

***

Туро газад, маро чӣ ғам.

***

Ноумед – шайтон.

***

Саломи дӯстон бетамаъ не.

***

Насибаатро пеши по назан.

***

Пойи раво гул орад.

***

Дил – дили Зайнаб.

***

Таги сабр – тилло.

***

Хиҷолати сари вақт беҳ аз пушаймонии сонӣ.

***

Аз рӯсиёҳ эвалло, аз дилсиёҳ вовайло.

***

Ҳар дардро вақт марҳам аст.

***

Заҳри забон аз заҳри теғ бадтар аст.

***

На ба дег меғунҷаду на ба кафлес.

***

Дунё дидан аз дунё хӯрдан беҳтар.

***

Бесавод, аммо саводомӯзи сад омӯзгор.

***

То бад нагӯӣ, нек пеш наояд.

***

Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.

***

Беайб Парвардгор.

***

Худоро бо ақл шинос.

***

Оламро об зер кунад, мурғобиро чӣ ғам.

***

Ту, ки айб аз адад берун дорӣ, бар забон айби халқ чун орӣ?

***

То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст.

***

Аспи нағз дар охир метозад.

***

Некӣ куну ба дарё андоз.

***

Зӯри беҳуда миён мешиканад.

***

Бани Одам аъзои якдигаранд.

Гирдоваранда Собир Эргашев,

ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: