Яҳудиёни бухорӣ аз қадимтарин ҷамоаҳои яҳудӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбанд, сарнавишти онҳо бо таърихи ин минтақа пайванди амиқ дорад.
Ин мардум асрҳои дароз дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Тошканд, Хуҷанд ва ғайра зиндагӣ карда, дар рушду пешрафти тиҷорат, ҳунармандӣ, илм ва фарҳанги ин сарзамин саҳми арзанда гузоштаанд. Забони тоҷикӣ барои яҳудиёни Бухоро танҳо як забони гуфтугӯ набуд, балки василаи асосии баён, мерос ва ҳувияти фарҳангии онҳо буд. Дар хона, бозор ва ҳатто дар маросимҳои динии эшон забони тоҷикӣ шунида мешуд. Бо вуҷуди он ки яҳудиёни Бухоро дорои урфу одатҳои вижаи худ буданд, дар муҳити пур аз фарҳанги форсии тоҷикӣ ба воя расида, бо ин забони мардуми маҳаллӣ муошират мекарданд.
Онҳо дар рушди адабиёти тоҷик низ саҳм гирифтаанд. Яке аз чеҳраҳои шинохтаи ин қавм Сулаймон Юдаков буд, ки дар рушди мусиқии тоҷик саҳм гузошт. Шимъӯн Ҳакимов бошад, бо осори адабии худ шуҳрат дошт. Дар байни яҳудиёни Бухоро анъанаи шеърнависии мардумӣ хеле роиҷ буд ва онҳо рубоӣ, ғазал ва достонҳои худро бо забони тоҷикӣ месуруданд. Дар асри XX, бахусус пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, теъдоди зиёди яҳудиёни Бухоро ба Исроил, ИМА ва дигар кишварҳо кӯч бастанд. Ин муҳоҷират боиси тағйироти ҷиддии тарзи зиндагӣ ва забони онҳо шуд. Бо вуҷуди ин, то ҳанӯз дар маҳфилҳои фарҳангии яҳудиёни бухорӣ, ки дар Исроил, ИМА ва дигар мамолик фаъолият доранд, забони тоҷикӣ роиҷ аст.
Имрӯз низ баъзе яҳудиёни бухорӣ ба рушди фарҳанг ва забони тоҷикӣ саҳм мегузоранд. Яке аз намунаҳои равшани он таъсис ёфтани мактабҳо ва марказҳои фарҳангии яҳудиёни бухорӣ дар Исроил ва Амрико мебошад, ки дар онҳо забони тоҷикӣ ҳифз ва омӯхта мешавад. Бисёре аз онҳо бо забони тоҷикӣ китобу мақолаҳо менависанд, аз ҷумла таърихшиносон ва нависандагони ин қавм, ки ба омӯхтани таърихи худ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин, дар радиову телевизионҳои интернетӣ, ки барои онҳо дар кишварҳои мухталиф пахш мешаванд, барномаҳо бо забони тоҷикӣ низ вуҷуд доранд. Ин василаҳо имкон медиҳанд, ки забони тоҷикӣ дар миёни ин қавм зинда нигоҳ дошта шавад. Ҳарчанд алҳол забони тоҷикӣ байни эшон камистеъмол аст, то ҳол чун як пояи муҳими ҳувияти онҳо боқӣ мондааст. Эшон бо нашри китобҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои адабӣ барои нигоҳ доштани ин забон кӯшиш мекунанд. Садои тоҷикӣ дар байни онҳо – ин садои таърих, фарҳанг ва ҳувияташон аст, ки аз насл ба насл мегузарад ва робитаи онҳоро бо сарзамини таърихияшон зинда нигоҳ медорад.
Мақолаҳо дар нашрияҳои бонуфузи ҷаҳон нақши муҳим ва таърихии ин ҷомеаро дар фарҳанги Осиёи Марказӣ таъкид мекунанд. Ин матолиб гувоҳи он аст, ки ҳарчанд муҳити зиндагии яҳудиёни бухорӣ дигар шуд, садо ва забони тоҷикӣ дар қалби онҳо ҳанӯз боқист.
Салоҳиддин ҶАҲОНГИРЗОДА,
донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгории Ӯзбекистону Финландия.